Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори марг аз COVID-19 дар ҷаҳон аз 500 ҳазор гузашт


Сипари шишаӣ дар фурӯшгоҳҳои ИМА ба хотири пешгирӣ аз олудагӣ ба коронавирус
Сипари шишаӣ дар фурӯшгоҳҳои ИМА ба хотири пешгирӣ аз олудагӣ ба коронавирус

Рӯзи 28 июн омори марги инсонҳо бар асари COVID-19 аз 500 ҳазор нафар ва олудагӣ ба коронавирус аз 10 миллион нафар гузашт ва ин ҳолат бархе кишварҳоро водор мекунад, ки тасмими қаблӣ дар бораи бозкушоии иқтисодҳояшонро бекор кунанд. Рӯзи гузашта Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар заминаи ҳодисаҳои тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус рекорди нави якрӯзаро ба қайд гирифт: дар 24 соати гузашта дар ҷаҳон 189 ҳазор нафари нав ба коронавирус гирифтор шуданд. Ҳафтае пеш рекорди якрӯзаи олудагӣ ба вируси нав 183 ҳазор нафар буд. Дар ИМА, ки чоряки талафоти инсонҳо бар асари коронавирусро дорад, бархе иёлот дубора маҳдудиятҳоро ҷорӣ мекунанд. Дар Калифорния, Флорида ва Техас бар ва соҳилҳо баста мешаванд. Мақомот мегӯянд, ки дидору мулоқотҳои ҷавонон боиси якбора боло рафтани омори олудашавӣ шудааст. Бархе дигар кишварҳо, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ, Бритониё ва Косово ҳамчунин дар фикри инанд, ки дубора маҳдудиятҳоро барқарор бикунанд.

XS
SM
MD
LG