Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рӯзи аввали раъйдиҳии конститутсионӣ дар Русия овоздиҳии такрорӣ сабт шуд


Як сокини Владивосток дар овоздиҳии рӯзи 25 июн иштирок мекунад.
Як сокини Владивосток дар овоздиҳии рӯзи 25 июн иштирок мекунад.

Дар Русия рӯзи 25 июн овоздиҳӣ барои тағйири конститутсияи кишвар шурӯъ шуд, ки ба президенти амалкунанда Владимир Путин ҳақи тамдиди қудрат ба 12 соли дигарро фароҳам мекунад. Нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар тамоми 14 минтақаи Русия субҳи 25 июн боз шуданд ва қарор аст овоздиҳӣ дар саросари Русия ҳафт рӯз идома кунад. Кишваре, ки бо пандемияи коронавирус дастбагиребон аст, раъйдиҳии ба 1 июл таъиншударо қарор кард дар ҳафт рӯз баргузор кунад. Овоздиҳӣ, ки бо ширкати шумори зиёди мардум мегузарад, мавриди нигаронии мақомоти беҳдоштӣ шуд. Онҳо гуфтанд, ки ҳамарӯза дар кишвар 7 ҳазор нафари нав ба коронавирус олуда мешавад. Овоздиҳии кунунӣ қарор буд 22 апрел баргузор шавад, вале бо сабаби пандемия ба тобистон паспарто шуд.

Путин шахсан мардумро барои ширкат дар овоздиҳӣ ташвиқ кардааст, вале тағйироти конститутсионӣ мавриди интиқоди мухолифон ва мунаққидони ҳукумат шуд. Онҳо мегӯянд, даҳҳо тағйирот ба қонуни асосӣ танҳо баҳонаи ҳеҷ кардани мӯҳлати гузаштаи президентии Путин ва имкони тамдиди қудрати ӯ дар ҳукумат дар ду давраи шашсола мебошад.

Дар ҳамин ҳол матбуот аллакай дар бораи имкони овоздиҳии такрорӣ, ки қонуншиканӣ мебошад, хабар додааст. Чандин журналистону фаъолон гуфтанд, ки дар чанд соати аввали овоздиҳӣ маълум шуд, ки дар раъйдиҳӣ ду бор овоз додани як нафар бемушкил имконпазир будааст. Дар як ҳолат Павел Лобков, хабарнигор ва барандаи ТВ “Дождь” гуфт, ки ӯ субҳ аввал ба нуқтаи раъйдиҳӣ рафта дар он ҷо овоз дод ва як соат баъд тавассути интернет ҳам тавонист овоз диҳад, чунки дар аввал маҳз барои овоздиҳии онлайнӣ сабтином шуда буд.
​Алексей Навалний, фаъоли мухолифин дар вокуниш ба видеогузориши Лобков гуфт: “Кор буд шуд... Система ду овозро ҳисоб кард. Ҳама чиз дар видео сабт шудааст. Маълум мешавад, ки ҳар коргари давлатӣ 30 бор “тарафдор” овоз медиҳад”.
Бархе мақомоти масъул гуфтанд, ки дар бораи ду бор овоз додани бархе хабар доранд ва барои ислоҳи вазъ мутобиқ бо қонун чораҳо дида мешавад.

XS
SM
MD
LG