Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон дар Венесуэла нахустин супермаркети эрониро таъсис медиҳад


Каракас. Навбатпоии ронандаҳо барои сӯзишворӣ
Каракас. Навбатпоии ронандаҳо барои сӯзишворӣ

Нахустин киштии эронии ҳомили маводи ғизои эронӣ рӯзи 21 июн ба соҳилҳои Венесуэла хӯрокворӣ интиқол дод. Сафорати Эрон дар Каракас гуфт, ки дар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ нахустин супермаркет бо ғизоҳои эронӣ таъсис мешавад. Мақомот дар сафорат рӯзи 20 июн гуфтанд, ки интиқоли ғизо “муваффақияти дигар дар равобити бародаронаи миёни ду кишвар аст”. Қабл аз ин моҳи май Эрон тавассути роҳҳои обӣ 1,5 миллион бушка нафтро ба Венесуэла интиқол дод. Венесуэла, ки замоне истеҳсолкунандаи калидии нафт дар Амрикои Ҷанубӣ буд, дар бӯҳрони амиқи иқтисодӣ буда аз камбуди сӯзишворӣ азият мешавад. Ҳам Эрон ва ҳам Венесуэла таҳти таҳримҳои иқтисодии ИМА ҳастанд. ИМА ҳукуматҳо, бандарҳои баҳрӣ, ширкатҳои ёрирасон ва бимаро ҳушдор додааст, ки агар ба нафткашҳои эронӣ кӯмак кунанд, муҷозот мешаванд. ИМА ба ҳукумати Николас Мадуро бештар аз роҳи таҳримҳо фишор меорад, дар ҳоле, ки худи Мадуро мавриди ҳимояти Русия, Куба, Чин ва Эрон мебошад.

XS
SM
MD
LG