Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ бештарин шумори олудашавӣ ба коронавирус дар як рӯзро ба қайд гирифтааст


Соҳиле дар Рио де Жанейро, Бразилия. 6 июни соли 2020
Соҳиле дар Рио де Жанейро, Бразилия. 6 июни соли 2020

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гузориш дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта бештарин шумори олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта ва дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ шумори аз ҳама зиёди сабти олудагиҳои нав мушоҳида шудааст. СҶТ гуфт, ки рӯзи 21 июн дар маҷмӯъ дар 24 соат 183,020 ҳодисаи нави олудашавӣ ба вируси нав ба қайд гирифта шуд ва аз ин шумор 116 ҳазор нафари онҳо дар Амрико ба қайд гирифта шуд. СҶТ гуфт, ки аз назари ҳодисаҳои нави олудагӣ Бразилия бо 54,771 ҳодиса аз ИМА пеш гузашт, ки он ҷо дар як рӯз 36,617 ҳодиса ба қайд гирифта шуд. Дар саросари ҷаҳон то ҳол бар асари COVID-19 беш аз 466 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод ва 8,9 миллион нафар олуда шудаанд.

XS
SM
MD
LG