Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сироҷиддин Муҳриддин хост, аз идомаи паҳншавии COVID-19 пешгирӣ кунанд


Нишасти онйлани вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби тарҳи "Як камарбанд - як роҳ"
Нишасти онйлани вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби тарҳи "Як камарбанд - як роҳ"

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти байнулмилалии онлайн хостааст, кишварҳо барои пешгирӣ аз идомаи паҳншавии бемории COVID-19 муштарак кор баранд. Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки барои барқарор кардани рушди иқтисодиву иҷтимоӣ баъди, ба истилоҳ, давраи пандемия чораҳои амалӣ андешанд. Нишасти онлайни вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" рӯзи 18-уми июн баргузор шуд. Дар нишаст асосан "таҳкими ҳамкории байнулмилалӣ дар мубориза бо COVID-19"-ро баррасӣ кардаанд. Раҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи Рушд ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ дар нишаст ҳузур доштанд. Тоҷикистон узви тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" аст, ки аз аз тарафи Чин иҷро мешавад. Кишвар рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро эътироф кард ва дар тақрибан ду моҳ ба иттилои расмӣ гирифтории 5279 кас ба бемории ҳамагир тасдиқ шудааст. 51 нафар фавтидаанд. Дар феҳрасти алтернативии қурбониёни эҳтимолии коронавирус ва илтиҳоби шуш то 13-уми июн номи беш аз 430 касро ҷой додаанд.

XS
SM
MD
LG