Бар асоси пажӯҳиши "Cost of Living Survey", ки аз сӯи ширкати байналмилалии машваратии Mercer, қароргоҳаш дар шаҳри Ню-Йорк, омода шудааст, шаҳри Ишқобод баъд аз Ҳонгконг дувумин шаҳри гаронтарин барои зиндагӣ мебошад.
Дар пажӯҳиши нави ширкат пойтахти Узбекистон ба рӯйхати шаҳрҳои панҷгонаи ҷаҳон ворид шудааст, ки зиндагӣ барои хориҷиҳо дар онҳо арзонтарин аст.
Тошканд дар баробари Карочӣ, Бишкек, Виндҳук (пойтахти Намибия) ва Тунис шомили феҳрист шудааст.
Зиндагӣ дар пойтахти Туркманистон барои хориҷиҳо назар ба Токио, Сингапур ва Ню-Йорк гаронтар будааст.
Назарпурсӣ бо назардошти қурби асъор, нархи молҳои асосии истеъмолӣ, хидматрасонӣ, сатҳи таваррум ва пули иҷора миёни мутахассисоне анҷом шудааст, ки дар кишварҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд.