Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов ба камбизоатҳои Узбекистон $1,5 млн кумак кард


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Миллиардери машҳури узбектабори Русия Алишер Усмонов ба 6 ҳазор хонаводаи вилоятҳои Намангон ва Андиҷони Узбекистон 15 миллиард сӯм (наздики 1,5 миллион доллари ИМА) кумак кард.

Бино ба хабари расонаҳо, 12, 5 миллиард сӯмро наздики 5 ҳазор хонавода аз вилояти Намангон, аз ҷумла 1000 хонавода аз ноҳияи Чӯй, 997 оила аз ноҳияи Намангон ва 2,5 миллиарди дигарро 1000 хонаводаи камбизоат аз вилояти Андиҷон дарёфт кардаанд.

Пулҳо ба кортҳои бонкӣ гузаронида шуда, ба соҳибонашон тақдим гаштааст.

Усмонов пештар низ ба хонаводаҳои осебдида дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардобаи Узбекистон беш аз 15 миллион доллар кумак карда буд.

Алишер Усмонов, ки дар ноҳияи Чӯйи вилояти Намангони Узбекистон ба дунё омадааст, яке аз шахсони сарватмандтарин дар Русия ва Бритониё шумурда мешавад. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро $13,4 млрд арзёбӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG