Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Қазоқистон лоиҳаи қонуни ҷамъомадҳои осоиштаро баргардонд


Сенати Қазоқистон лоиҳаи қонун дар бораи ҷамъомадҳои осоиштаро барои такмил ба палатаи поёнии порлумони ин кишвар бозпас фиристод.

Сарсенбой Енсегенов, як узви Сенати Қазоқистон рӯзи панҷшанбе дар ҷаласа гуфт, кумитаи дахлдор ба хулосае расид, ки баъзе аз бандҳои алоҳидаи лоиҳаи қонун ба тағйирот ниёз доранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ 16 пешниҳод ироа шудааст. Аз ҷумла, шумори макони баргузории ҷамъомадҳои осоишта дар ноҳияҳои марказии пойтахт, шаҳрҳои Алмато, Чимкент ва марказҳои маъмурии вилоятҳо набояд аз се камтар бошад.

Енсегенов ҳамчунин пешниҳод кард, меъёре аз банди қонун ҳазф карда шавад, ки созмондиҳандагони ҳамоишҳоро вазифадор мекунад, аз иштирокдорон пинҳон накардани рӯйҳои худро талаб кунанд. Ба ҷуз ин, ба созмондиҳандагон иҷозат дода шавад, ки барои муҳофизати шахсӣ ва ҳифзи саломатии худ аз дастгоҳҳо истифода баранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мадании Қазоқистон лоиҳаи қонуни пешниҳодии ҳукумат дар бораи ҷамъомадҳои осоиштаро танқид карда, мегӯянд, он ба монанди қонуни амалкунанда озодии сокинон ба ҳамоишҳои осоиштаро маҳдуд менамояд. Ин лоиҳа аввалҳои моҳи апрел дар палатаи поёнии порлумони Қазоқистон қабул ва барои таъйид ба сенат пешниҳод шуда буд.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) пештар аз мақомоти Қазоқистон даъват карда буд, ки баррасии лоиҳаи қонуни ҷамъомадҳои осоиштаро дар порлумон ба таъхир гузоранд.

HRW ҳамчунин хост, назари фаъолони мадании қазоқ ба инобат гирифта шавад, ки мегӯянд, лоиҳа дар давраи вазъи фавқулода бошитоб баррасӣ шуда, баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ манъ аст.

XS
SM
MD
LG