Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ омодааст, ба Тоҷикистон мутахассисони зудамал фиристад


Яке аз нишастҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ
Яке аз нишастҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ

Ҳанс Ҳенри Клюге, мудири минтақавии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо гуфтааст, омодаанд ба Тоҷикистон барои муқобила бо коронавирус мутахассисони зудамал фиристанд.

Клюге дар ин бора рӯзи 12-уми май ҳангоми суҳбати телефонӣ бо Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, ибрози назар кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, мудири минтақавии СҶТ дар Аврупо пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон барои санҷиши аҳолӣ бояд ташхисгоҳҳои сайёрро фаъол кунад.

Маълум нест, вазири тандурустии Тоҷикистон ба ин пешниҳод чӣ посух додааст, вале дафтари матбуотии вазорат аз қавли Ҷамолиддин Абдуллозода навишт, "Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати гирифторони COVID-19 чораҳои заруриро амалӣ мекунад."

Суҳбати вазири тандурустӣ бо мудири минтақавии СҶТ дар Аврупо дар ҳолест, ки як ҳайати коршиносони ин созмон дар Тоҷикистон ҳастанд. Қарор аст, онҳо 12-уми май дар як нишасти матбуотии онлайнӣ дар бораи натиҷаи сафарашон суҳбат кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ то имрӯз дар Тоҷикистон коронавирус ба 661 кас сироят карда, 21 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Иддае ба ин омор бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, мумкин аст омори аслӣ аз ин бештар бошад.

XS
SM
MD
LG