Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Аргентина аз байни Месси ва Марадона беҳтаринро интихоб кард


Диего Марадона
Диего Марадона

Президенти Аргентина Алберто Фернандес дар баҳсе аз байни Лионел Месси ва Диего Марадона беҳтаринро интихоб кард. Интихоб ба бозигари собиқи бошгоҳи футболи “Наполи” Марадона афтод.

"Онҳо ҳамеша дар бораи Месси ва Марадона баҳс мекунанд, аммо ба назарам ин беадолатист. Онҳо ба таври гуногун бозӣ мекунанд. Дар замони Марадона сифатҳои пешвоӣ хеле муҳим буданд ва ӯ онҳоро дошт, ӯ пешвои воқеӣ буд. Ман шахсан мушоҳида кардам, ки вай дар майдон ягон чизи ғайриоддӣ мекунад. Ман аз мухлисони Месси хоҳиш мекунам, ки аз ман хафа нашаванд", -- гуфтааст ӯ.

Диего Армандо Марадона, футболбози аргентинӣ, 30-юми октябри соли 1960 дар шаҳри Ланус Оэсте таваллуд шудааст. Ин ҳамлагар дар бошгоҳҳои «Архентинос Хуниорс», «Бока Хуниорс», «Барселона», «Наполи», «Севиля» ва «Нюэллс Олд Бойз» бозӣ кардааст.

Ӯ дар тими миллии Аргентина 91 бозӣ анҷом дода, 34 гол задааст.

Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, ноиби қаҳрамони ҷаҳон дар соли1990 мебошад. Вай дар чаҳор Ҷоми ҷаҳонӣ иштирок кардааст. Беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонии соли 1986 маҳсуб мешавад. Қаҳрамони Аргентина дар ҳайати бошгоҳи «Бока Хуниорс», қаҳрамони дукаратаи Италия дар бошгоҳи "Наполи" мебошад.

Марадона беҳтарин футболбози асри XX тавассути овоздиҳӣ дар вебсайти расмии FIFA мебошад, ки 53,6% раъй гирифтааст.

Аввалин барандаи ҷоизаи фахрии “Тӯби тиллоӣ” аст. Пас аз ба итмом расидани ҳунари касбии худ Марадона ба ҳайси шореҳи телевизион

дар шабакаҳои Аргентина ва Италия кор кардааст. Аз моҳи июни соли 2005 то августи 2006 ноиби президенти комиссияи футболи “Бока Хуниорс” буд. Вай дар якчанд филм нақш бозидааст.

Аз моҳи октябри соли 2008 то июли соли 2010 Марадона ба ҳайси сармураббии тими миллии Аргентина ифои вазифа намудааст ва бо ин даста ба чорякфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 роҳ ёфтааст.

Лионел Андрес Мессии 32-сола, футболбози аргентинӣ, ҳамлагар ва капитани бошгоҳи испании «Барселона» буда, аз соли 2011 капитани мунтахаби миллии Аргентина мебошад. Беҳтарин голзан дар таърихи бошгоҳи «Барселона» ва мунтахаби Аргентина маҳсуб мешавад.

Месси дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Аргентина соли 2005 қаҳрамони ҷаҳон ва соли 2008 қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ гардидааст. Ӯ дар ҳайати мунтахаби миллии Аргентина соли 2014 ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон шудааст.

XS
SM
MD
LG