Вазорати адлияи ИМА аз додрас хост, ки иттиҳоми ҷиноӣ алайҳи Майкл Флинн, собиқ мушовири амнияти миллии президент Доналд Трампро бекор кунад. Флинн дар миёни нахустин шахсиятҳо буд, ки дар таҳқиқи муфаттиши вижа Роберт Мюллер дар робита бо нақши эҳтимолии Русия дар маъракаи интихоботии соли 2016-и ИМА номбар мешуд. Дар санадҳои рӯзи 7 май вазорати адлия гуфт, ки аз додрас хост ҳама иттиҳомоти алайҳи Флиннро бекор карда факту далелҳо ва паёмадҳои ин парвандаро бозбинӣ бикунад. Моҳҳои тӯлонӣ вакилони дифои Флинн дар талоши бозпас гирифтани айбномаи зидди ӯ буданд. Флинн хабари сӯҳбат карданаш бо сафири Русия Сергей Кислякро чанд ҳафта пеш аз вориди Кохи Сафед шудани Трамп дурӯғ гуфта буд.
Қарори вазорати адлия метавонад мунаққидони Трампро ба шӯр оварад, ки мегӯянд, додситони кулл Уилям Барр низоми адлияро ба ҳимояи манфиатҳои Трамп сиёсатзада кардааст ва чандин бор таҳқиқи марбут ба Русияро “як дурӯғ” номида буд. Қарори вазорати адлия ҳамон замон мавриди пуштибонии Трамп ва ҳамкоронаш дар ҳизби ҷумҳурихоҳ қарор гирифт, ки дар атрофи Флинн муттаҳид шуда ӯро як қурбонии бегуноҳи таҳқиқоти марбут ба Русия номиданд. Ҷерролд Надлер, як демократи баландпоя дар Маҷлиси намояндагон қарори вазорати адлияро “ғаразнок” номид ва ваъда дод, ки онро таҳқиқ хоҳад кард.