Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Русияву Чин дар фикри тавтеаи атрофи коронавирус ва иттиҳоми ғарб ҳастанд


Нахустин бор коронавирус дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва аз декабри порсол то кунун дар тамоми ҷаҳон паҳн гардид

Мақомоти ИМА мегӯянд, ки Чин ва Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ “иттилои бардурӯғ” нашр карда Ғарбро дар сар задани пандемияи коронавирус гунаҳгор мекунанд. Ин паём рӯзи 6 май дар як нишасти матбуотии телефонӣ дар Брюссел садо дод, ки аз ҷониби иҷрокунандаи ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Аврупову Авруосиё Филип Рикер ва фиристодаи вижаи ИМА ва ҳамоҳангсози Маркази вижаи ҳамкорӣ Лӣ Габриэлле барпо шуд. Габриэлле гуфт, ки бахусус Русия ҳар гуна назарияҳои тавтеа эҷод ва ИМА-ро дар пайдоиши ин вирус гунаҳгор мекунад. Габриэлле дар шарҳи ин назар гуфт: “Онҳо аз иттилои дурӯғин истифода карда мегӯянд, ки COVID-19 аз ҷониби ИМА ҳамчун силоҳи биологӣ эҷод шудааст. Онҳо ин андешаҳои дурӯғинро пахш мекунанд ва мегӯянд, ки ИМА ва дигар ҳукуматҳои ғарбӣ дар талоши истфодаи пандемия ба ҳайси бахше аз нақшаи афзоиши назорати ҳукумат аз болои ҷомеа мебошад”. Ӯ афзуд, ки Русияву Чин андешаҳои дурӯғинро дар ҳама ҷо талқин карда мегӯянд, ки “ин ду кишвар тавони муқобила бо вирусро доранд, вале Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва ИМА дар бархӯрд бо он нотавон ҳастанд”.

XS
SM
MD
LG