Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидҷаъфар Усмонзода: "Вазъам хуб, аммо хастагиву бемадорӣ ҳаст"


Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон

Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, гуфт, бо гузашти як ҳафта аз бемории зукому роҳҳои нафас "имрӯз вазъи саломаташ беҳтар аст".

Усмонзода 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхисҳо нишон додаанд, ки ӯ ба бемории зуком гирифтор шудааст ва тайи чанд рӯзи ахир таби бисёр баланд дошт. "Ҳоло таб надорам, лекин хастагию бемадорӣ ҳаст", - афзуд вай.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба табобат дар шароити хона идома медиҳад ва ба гуфтааш пизишкон ба хубӣ аз ӯ муроқибат мекунанд.

Саидҷаъфар Усомонзода аз соли 2013 ба ин тарафи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аст. Вай моҳи марти имсол бори дувум вориди порлумон шуд.

Демократҳои пешини норозӣ Усмонзодаро ба он муттаҳам мекунанд, ки Ҳизби демократро ба як ҳизби "кисагӣ" табдил кард ва ҳузури он дар ҷомеа танҳо як нақши намоишӣ дорад. Вале бархеи дигар Усмонзодаро ба сафи вакилоне ворид меунанд, ки бо гузашти замон мавзуъҳои муҳими иҷтимоиро дар миён мегузорад.

Аз ҷумла ӯ аз тасмими мақомот барои афзудани нархи Интернет ва сохтмони долонҳои зидди тарма аз пули Покистон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба шиддат танқид кардааст.

Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG