Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хароҷоти низомии кишварҳои ҷаҳон дар соли 2019 афзоиш ёфт


Чархболи низомии Mi-28-и Русия аз болои пойгоҳи низомии туркӣ дар Сурия парвоз мекунад
Чархболи низомии Mi-28-и Русия аз болои пойгоҳи низомии туркӣ дар Сурия парвоз мекунад

Як пажӯҳишгоҳи масоили амниятии воқеъ дар Шведсия мегӯяд, харҷи низомии ҷаҳонӣ соли 2019 ба нишондоди рекордии 1,92 триллион доллар баробар шуда, азимтарин нишондод дар даҳ соли гузашта ба шумор меравад. Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сулҳи байналмилалии воқеъ дар Стокҳолм (SIPRI) рӯзи 27 апрел гуфт, ки панҷ кишвари аслӣ – ИМА, Чин, Ҳинд, Русия ва Арабистони Саудӣ 62 дарсади ҳаҷми умумии харҷҳои низомиро дар соли 2019 анҷом додаанд. Дар қиёс бо соли 2018 харҷҳои низомӣ 3,6 дарсад афзуда аз соли 2010 ба ин сӯ ин мизони азимтарини хароҷот будааст. Хароҷоти низомии ИМА 5,3 дарсад афзуда 732 миллиард долларро ташкил додааст ва ин 38 дарсади хароҷоти кулли кишварҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол Русия ҳам афзоиши хароҷоти низомиашро идома дода соли 2019 бо ин ҳадафҳо 65,1 миллиард доллар ваё 4,5 дарсад бештар назар ба соли 2018 масраф кардааст. Александра Куимова, як муҳаққиқи SIPRI гуфт, “бо 3,9 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хароҷоти низомии Русия баландтарин дар миёни кишварҳои аврупоӣ дар соли 2019 будааст”. Дар ҳамин ҳол харҷи 29 кишвари узви НАТО дар маҷмӯъ 1,04 триллион долларро ташкил додааст ва хароҷоти азим дар Гурҷистон ва кишварҳои Аврупои Шарқиву Марказӣ мушоҳида шудааст. Дар Ховари Миёна хароҷоти низомии Эрон соли 2019 дар қиёс бо соли аз ин пеш 15 дарсад кам шуда, 12,6 миллиард долларро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2018 хароҷоти низомии Эрон 23 дарсад афзуда буд. Ин замоне буд, ки ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуда нисбати Эрон таҳрим ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG