Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги беш аз 200 ҳазор нафар аз коронавирус дар ҷаҳон


Рамзи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ
Рамзи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ

Шумори қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон рӯзи 26-уми апрел ба 203 ҳазор нафар расид. Зиёда аз ду миллиону 900 ҳазор кас ба он сироят шуда, беш аз 820 ҳазор тан шифо ёфтаанд.

Аз 203 ҳазоре, ки то кунун ҷон бохтаанд, ҳудуди 53 ҳазор нафарашон дар Амрико ва ҳудуди 92 ҳазор тан дар чаҳор кишвари аврупоӣ – Итолиё, Испания, Фаронса ва Бритониё – будаанд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи шанбе эълом кард, далеле вуҷуд надорад, ки афроди шифоёфта аз коронавирус дар баробари ин беморӣ масунанд ва бори дигар мубтало намешаванд.

Бемории ҳамагири КОВИД-19 охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф шуд.

Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро ба ҳамдастӣ дар пинҳонкории Чин муттаҳам кард.

Дар пайи интиқодҳои тунди Амрико аз амалкарди Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва сипас қатъи кумакҳояш, шуморе аз кишварҳо бо ин интиқодҳо ҳамроҳӣ кардаанд, аммо Русия аз амалкарди созмон пуштибонӣ намуд.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи шанбе ба расонаҳои ин кишвар гуфт, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ “корашро дуруст анҷом медиҳад”.

XS
SM
MD
LG