Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Трамп ва Конгресс дар мавриди ҷудо кардани $500 млрд барои соҳибкории хурд


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Раҳбарони ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар Конгресси ИМА дар робита ба ҷудо кардани 500 миллиард доллар барои бартараф кардани оқибатҳои коронавирус бо Кохи Сафед ба созиш расиданд.

Президенти ИМА Доналд Трамп аз раҳбарони Конгресс даъват карда буд, ки дар вазъи кунунии буҳронӣ пешниҳоди Кохи Cафедро бипазиранд ва баррасии онро ба дарозо накашанд. Дар ин бора хабаргузории "​Reuters" иттилоъ дод.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодии президент, ки ҷонибдории муқаддамотиро касб кард, аз ҷумла барномаи 321 миллиард доллар кумак ба соҳибкории хурдро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин барои дастгирии соҳибкории хурд 60 миллиард доллари дигар равона хоҳад шуд, ки хисороти "шароити фоҷеавӣ"-ро ҷуброн хоҳад кард. 75 миллиард доллар барои беморхонаҳо ва 25 миллиард доллар барои коркарди Барномаи миллии санҷиши коронавирус ҷудо мешавад.

Раъйгирӣ дар Сенат сешанбеи оянда баргузор шуда, ду рӯз баъд лоиҳа дар Конгресс ба овоз монда мешавад.

Ин чаҳорумин санаде аст, ки ба сабуктар кардани талафоти ҷониву иқтисодии коронавирус дар ИМА равона мешавад. Дар ин кишвар 42 ҳазор одам аз вирус ҷон бохта, 22 миллион нафар бекор мондаанд.

XS
SM
MD
LG