Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА барои Афғонистон дар пойтахти Қатар бо намояндагони баландпояи Толибон барои баррасии “чолишҳои ҷорӣ”-и иҷрои созиши сулҳи моҳи феврал миёни ИМА ва Толибон имзошуда мулоқот кард.
Мулоқоти Давҳа рӯзи 13 апрел аз ҷониби Вашингтон даъват ва баъди нахустин амалиёти табодули зиндониҳо барпо шуд.
Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Давҳа дар Твиттер навишт, ки Халилзод ва генерали амрикоӣ Скотт Миллер бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, ҳаммуассиси Толибон ва раҳбари гурӯҳи музокиротӣ гуфтугӯ карданд.
Шоҳин гуфт, ки ду ҷониб “иҷрои комили” созиши 29 феврали миёни Толибон ва ИМА-ро, ки як бахшаш хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон аст, баррасӣ карданд. Шоҳин гуфт, ки дар ин мулоқот инчунин масъалаи “таъхир дар озодкунии зиндониҳо” ҳам баррасӣ шуд.
Халилзод гуфт, ки табодули зиндониҳо қадами муҳим барои дастёбӣ барои созиши сулҳ аст.
Бар асоси иттилои Кумитаи байналмилаии Салиби Сурх, рӯзи 12 апрел Толибон дар вилояти Қандаҳор 20 узви ҳукумати Афғонистонро озод карданд.
Сухангӯи Толибон ба Франс Пресс гуфт, ки қарори озод кардани гурӯҳи аввали зиндониҳо “ҳусни ният ба хотири пешбурди табодули зиндониҳо” мебошад.
Қаблан ҳукумати Афғонистон 100 зиндонии Толибонро озод кард ва шумори умумии Толибони шурӯъ аз 8 апрел озодшуда ба 300 нафар расидааст.
Халилзод, ки ҷонибдори суръат бахшидани ҷараёни иҷрои созиши сулҳ аст, гуфт, ки дар пасманзари пандемияи коронавирус иҷрои барномаи озодкунии зиндониҳо аҳамияти бештар касб мекунад.
Созиши дар Давҳа имзошуда аз ҳукумати Афғонистон тақозо мекунад, ки 5 ҳазор узви Толибонро раҳо кунад. Ин барнома ба унвони эҷоди ҳусни эътимоди тарафҳо ба хотири хатми ҷанги 18-сола муҳим гуфта мешавад. Толибон бар иваз бояд 1000 зиндонии узви ҳукумати Афғонистонро раҳо кунанд.
Вале ҳафтаи гузашта Толибон се узви тими ба Кобул ирсолкардашонро бозпас хонда маъмурияти президент Ашраф Ғаниро дар “баҳонаҷӯӣ”-ву таъхир айбдор карданд. Ҳукумат дар Кобул аз Толибон тақозо кард, ки ҷараёнро “бо баҳонаҳои мухталиф ба ҳам назананд”.