Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздики 1,8 млн шаҳрванди Қазоқистон кӯмаки иҷтимоӣ дарёфт карданд


Қизилорад, Қазоқистон 13 апрел, 2020.
Қизилорад, Қазоқистон 13 апрел, 2020.

Бирҷон Нуримбоев, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон ахиран дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки 1 миллиону 779 ҳазор шаҳрванди ин кишвар кӯмаки иҷтимоии давлатӣ дарёфт кардааст. Ин кӯмакҳо дар ҳаҷми 42 ҳазору 500 танга буда, як дафъа ва дар давраи ҳолати фавқулодда пардохт мешаванд.

Ба гуфтаи вазир, дар маҷмуъ 4 миллиону 900 ҳазор сокин барои дарёфти кӯмаки иҷтимоӣ ариза навиштаанд. Вазир гуфт, санҷиши ин ки оё дар воқеъ дархосткунандаи кӯмак ниёзманд аст, вақти зиёд мегирад. "Мо маҷбур шудем, ки санҷиш гузаронем, зеро аз 4 миллиони 900 ҳазор дархосткунанда қариб 1 миллиону 200 ҳазор кас такроран ариза навиштаанд. Миёни аризаҳои боқимонда ҳам иштибоҳҳои зиёде ҳаст", - гуфт вазир.

Вай ҳамзамон афзуд, айни ҳол 1 миллиону 779 ҳазор кас кӯмаки иҷтимоӣ дарёфт карданд. "Барои ин теъдод сокинон аз Фонди давлатӣ 75 миллиард танга ҷудо шуд"-, гуфт Бирҷон Нуримбетов.

Бино ба иттилои охир, дар Қазоқистон 973 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд. Аз ин шумор 99 кас шифо ёфта, 11 тан фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG