Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ аз Қирғизистон шарҳи таҳдид ба хабарнигорро хост


Эмилбек Кимсанов ва Раимбек Матраимов
Эмилбек Кимсанов ва Раимбек Матраимов

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз мақомоти Қирғизистон талаб кард, ки иддаои як афсари собиқи гумруки ин кишварро таҳқиқ кунанд.

Эмилбек Кимсанов дар наворе гуфт, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов аз ӯ хоста буд, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Прага Алӣ Токтакуновро "зинда ё мурда" ба наздаш барад.

Санаи сабти видео маълум нест. Наворро рӯзи 10-уми апрел Мария Заворотняя, ҳамсари Эмилбек Кимсанов, дар Фейсбук гузошт.

Дар ин видео Кимсанов мегӯяд, Раимбек Матраимов ба ӯ роҳҳои тамос бо Алӣ Токтакуновро дар шаҳри Прага фиристода буд.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, рӯзи 11-уми апрел гуфт, ҳамагуна таҳдид ба зидди хабарнигонро ҷиддӣ мегиранд. Ӯ афзуд, идомаи таҳдидҳои Раимбек Матраимов ва ҷонибдоронаш ба хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ посух ба таҳқиқоти журналистии онҳост.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ якҷо бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop охири соли гузашта таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани миллионҳо доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Рӯзи 10-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Истанбул яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ, аз ҷумла берун бурдани миллионҳо доллар даст дорад.

Раимбек Матраимов то ҳол навори Эмилбек Кимсановро шарҳ надодааст.

Алӣ Токтакунов гузоришгари асосии таҳқиқоти муштараки бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва сомонаи Kloop мебошад.

XS
SM
MD
LG