Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз вирус оби нуқра истеҳсол мекунанд


Тоҷикистон пештар маҳлулҳои безараргардониро аз хориҷ ворид мекард, вале дар пайи баста шудани марзҳо ҳоло ба соҳибкорони маҳаллӣ пешниҳод шудааст, ки онҳоро дар дохил истеҳсол кунанд.

Донишмандони бахши кимиё дар Тоҷикистон аввал шуда барои безараргардонии биноҳо оби нуқраро пешниҳод карданд, ки ба гуфтаашон, он "хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ дорад".

Донишмандон ба табибон, ҳамшираҳо ва фаррошҳо тавсия додаанд, ки хилъат ва ниқобҳои тиббии худро бо ин об бишӯянд.

"Кормандони Институти химияи Академияи илмҳои мо дастгоҳҳои истеҳсоли оби нуқраро сохтанд. Дар ҳоли ҳозир дар як шабонарӯз 200 литр оби нуқра истеҳсол кардан мумкин аст, вале дар сурати зарурат мо метавонем онро афзоиш диҳем", - мегӯяд корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳамдам Кабков.

Пажӯҳишгоҳи кимиё ният дорад, рӯзҳои наздик маҳсулоти худро ба даҳҳо корхонаҳои кишвар пешниҳод кунад, ки истеҳсоли ниқобҳои тиббиро оғоз кардаанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

XS
SM
MD
LG