Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масъулияти ҳамла ба маъбади сикҳоро ба дӯш гирифт


Мардум аз макони ҳамла фирор мекунанд
Мардум аз макони ҳамла фирор мекунанд

Афроди силоҳбадаст ва бомбгузорони маргталаб, ки ба як маъбади сик дар Кобул ҳамла карданд, дасти кам чор нафарро кушта бар ҷой гузоштанд. Ҳанӯз маълум нест, ки дар ҳамлаи субҳи 25 март чанд ҳамлагар ширкат кардааст. Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки ҳанӯз амалиёт идома дорад.

Вебсайти иктишофии SITE, ки маводи нашршавандаи ҷангҷӯёнро пайгирӣ мекунад, гуфт, ки масъулияти ҳамла ба маъбадро як бахши гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт.

Сухангӯи Толибон бо нашри изҳороте дар саҳифаи Твиттер гуфт, ки ин гурӯҳ дар ҳамла ба маъбад даст надорад.

Нарендер Сингҳ Халса, як намояндаи ҷомеаи хурди сикҳҳо дар порлумони Афғонистон дар суҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, дар дохили маъбад тахминан 150 нафар мондаанд. Аксари ин афроди гаравгон занону кӯдакон ҳастанд, ки ба хотири ширкат дар маросими намози субҳ ба ин ҷо омада буданд. Ӯ гуфт, аксари онҳо бо аъзои оилаашон дар он ҷо ҳастанд. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Ториқ Ориён гуфт, нирӯҳои амниятӣ минтақаро муҳосира карда, талош доранд биноро аз ҳамлагарон озод кунанд. Ӯ гуфт, дастикам чор ҳамлагар бо ходимони полис вориди даргирӣ шудаанд. Ба гуфтаи Ориён, амалиёти озодкунии мардум боэҳтиёт пеш меравад, то ки мардуми дармонда дар дохили бино осеб набинанд ва то ҳол чанд нафар озод шудаанд.

Хабаргузории АР гуфт, ки як қурбонӣ кӯдак буда, ҷасадашро ба беморхонаи Кобул интиқол доданд.

Ҷомеаи сикҳҳо дар Афғонистон хеле хурд буда, аз тақрибан 300 оила иборат аст. Дар гузашта ин мардум мавриди ҳадафи гурӯҳҳои ифротии ҷангҷӯ қарор гирифтааст. Соли 2018 дар як ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳри Ҷалолобод тахминан даҳ намояндаи ҷомеаи сикҳҳо кушта шуданд.

Ба созиши сулҳи моҳи феврали ИМА ва Толибон аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” шомил намешаванд.

XS
SM
MD
LG