Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ду узви "бандаи ГТА"-ро ба 25-солии зиндон маҳкум кард


Эълони ҳукми аъзои "бандаи ГТА" дар додгоҳи Маскав. 9-уми августи соли 2018
Эълони ҳукми аъзои "бандаи ГТА" дар додгоҳи Маскав. 9-уми августи соли 2018

Додгоҳи вилояти Суғд ду узви гурӯҳи ҷиноии "бандаи ГТА"-ро, ки дар Русия ба куштор ва ғоратгарӣ муттаҳам буданд, ба 25-солии зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Додситонии кулли Русия рӯзи 10-уми март дар сомонаи расмиаш хабар дод.

Дар он гуфта мешавад, Додгоҳи вилояти Суғд Боир Ғуломов ва Муродҷон Каримовро ба "узвият дар гуруҳи муташаккили ҷиноӣ, куштору ғорат ва содир кардани ҷиноятҳои дигар дар қаламрави Русия" гунаҳкор шинохт.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабар надодааст. Маълум нест, ҳукми ин афрод кай эълон шуда ва муттаҳамон ҳангоми мурофиа чӣ гуфтаанд.

Дар изҳороти Додситонии кулли Русия гуфта шудааст, Ғуломов ва Каримов аз Русия фирор карда, дар Тоҷикистон пинҳон шуда буданд ва "азбаски қонунҳои Тоҷикистон истирдоди шаҳрвандони ин кишварро ба хориҷа иҷоза намедиҳад, ин ду нафар дар Додгоҳи вилояти Суғд муҳокима шуданд".

Додгоҳи вилояти Маскав моҳи августи соли 2018 чаҳор узви гурӯҳи "бандаи ГТА" аз Осиёи Марказӣ – Шерҷон Қодиров, Умар Ҳасанов, Анвар Улуғмуродов ва Ҳазратхон Додхоновро, ки ронандаҳоро дар роҳҳои Маскав, минтақаҳои атрофи он ва вилояти Калужск мекуштанд, ба зиндони абад маҳкум кард.

Нафари панҷум – Зафарҷон Ғуломов – 20 сол ба зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Ин панҷ нафар аз рӯйи 17 мавриди куштор, ки дар солҳои 2012 то 2014 содир шудаанд, бандитизм, ғоратгарӣ, тавлид ва нигаҳдории силоҳ ва ҳамчунин дуздии санадҳо муҷрим шуданд.

Соли 2014 сокинони Маскав ва атрофи он аз бедодгариҳои гурӯҳи ҷинояткоре дар ҳарос афтода буданд.

Матбуот пайваста хабар медод, ки қурбониёни асосии гурӯҳ ронандаҳо ҳастанд. Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, аввали чархи мошин бо истифода аз мехҳои махсус хароб карда мешуд ва сипас аъзои гуруҳ ронандаро берун бурда, ғорат мекраданд ва ба қатл мерасониданд.

Раҳбари гурӯҳ Убайдулло Субҳонов дар як амалиёти полис барои боздошти аъзои гурӯҳи ҷиноӣ кушта шуд.

Моҳи августи соли 2017 аъзои ин гурӯҳ талош карданд, аз толори додгоҳ дар Русия фирор кунанд. Дар ин ҳодиса чаҳор узви гурӯҳ кушта шуда, як нафар ҳангоми кӯшиши фирор захмӣ гардид.

XS
SM
MD
LG