Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон нагузошт 1 миллион ниқоби тиббӣ аз кишвар берун равад


Дар ҳоле, ки тарси сирояти коронавирус боло мегирад, ниқоби тиббӣ дар бисёр кишварҳо ба як моли камёб табдил шудааст
Дар ҳоле, ки тарси сирояти коронавирус боло мегирад, ниқоби тиббӣ дар бисёр кишварҳо ба як моли камёб табдил шудааст

Озарбойҷон тасдиқ кард, ки аз чанд гурӯҳи ҷудогона, аз ҷумла хориҷиҳо, беш аз як миллион ниқоби тиббиро мусодира кардаанд. Ба қавли мақомоти вазорати умури дохилии Озарбойҷон, ин нафарон мехостанд ниқобҳои тиббиро аз ин кишвари Қафқози Ҷанубӣ берун бубаранд. Дар пасманзари паҳншавии коронавирус ниқоби тиббӣ дар бисёр кишварҳо маводи ноёб шудааст. Вазорати умури дохилии Озарбойҷон гуфт, ки дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Эрон, Чин ва Озарбойҷон мебошанд.

Аз замони пайдо шудани коронавирус дар Чин дар моҳи декабри соли гузашта, 110 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ба ин вирус гирифтор шуда, беш аз 3800 нафар ҷон додаанд. Дар Эрон - ҳамсояи Озарбойҷон, 7161 нафар ба ин вирус олуда ва 237 нафар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG