Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: Русия нерӯҳояшро дар Сурия бо шитоб тақвият мебахшад


Як киштии Русия. Акс аз бойгонӣ.
Як киштии Русия. Акс аз бойгонӣ.

Русия нерӯҳои низомии худро дар Сурия бо шитоб тақвият мебахшад. Дар ин бора хабаргузории "Reuters" бо истинод ба иттилои сафарбаршавии киштӣ ва ҳавопаймоҳо ба Сурия хабар додааст.

Матлаби хабаргузорӣ дар арафаи мулоқоти раҳбарони Русия ва Туркия - Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон нашр шудааст, ки қарор аст 5 март дар шаҳри Москва баргузор шавад. Раҳбарони ду кишвар дар пасманзари ташаннуҷи авзоъ дар вилояти Идлиби Сурия мулоқот хоҳанд кард.

Артиши Сурия бо дастгирии Русия ҳамлаҳоро ба Идлиб бештар кардааст. Дар натиҷаи яке аз ин ҳамлаҳо беш аз 30 низомии турк кушта шуд ва Туркия дар посух аз охирҳои моҳи феврал ба мавзеъҳои нерӯҳои ҳукумати Сурия ҳамларо оғоз кардааст.

Хабаргузории "Reuters" менависад, ҳаракати киштиҳо дар гулӯгоҳи Босфор ва шумори ҳавопаймоҳо нишон медиҳанд, ки Русия аз 28 феврал, як рӯз пас аз кушта шудани низомиёни турк тақвияти нерӯҳои дарёӣ ва ҳавоии худро дар Сурия оғоз кардааст. Москва дар 6 рӯз тавассути Босфор 5 киштии худро фиристодааст. Расман сафарбаршавии 2 киштӣ тасдиқ шуда буд.

Ба назари муаллифи матлаб, Русия нерӯҳои худро дар Сурия бо суръат афзоиш медиҳад.

Эрдуғон 4-уми март гуфт, интизор дорад, пас аз гуфтугӯҳои Москва дар Идлиб оташбас эълом хоҳад шуд. Дар Москва низ гуфтанд, ки умедворанд, пас аз мулоқоти Путину Эрдуғон вазъи Идлиб беҳтар мешавад.

XS
SM
MD
LG