Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ба поён расид. ВИДЕО


Раъйдиҳӣ дар маркази вилояти Хатлон. 1-уми март
Раъйдиҳӣ дар маркази вилояти Хатлон. 1-уми март

Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ба поён расид. Раиси Комиссияи марказии интихобот соати 8-и шом ба вақти Душанбе эълон кард, ки дари марказҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар баста шуданд, вале бар хилофи ваъдаи пешин, доир ба ҳузури мардум дар ин корзори сиёсӣ хабар надод.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, зимни суҳбати мустақим дар Телевизиони давлатии Тоҷикистон гуфт, "интихобот шаффоф ва ошкор гузашт".

Аммо таҳлилгари тоҷик Иршод Сулаймонӣ, фазои интихоботии рӯзи якшанберо камранг хонд ва далелашро чунин баршумурд: "Дар ин интихобот ҳизбҳои мухолифе, ки аз нуқтаи назари идеологӣ, барнома ва стратегия бо ҳизби ҳоким ё ҳизбҳои дигар дар рақобат қарор дошта бошанд, вуҷуд надошт".

Ҷараёни интихобот аз назари худи раъйдиҳандагон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Қарор аст, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки 41 ҳавзаи якмандатӣ пешниҳод мекунад, натиҷаҳоро пас аз нисфирӯзии 2-юми март дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ эълон намояд.

Ба қавли Бахтиёр Худоёрзода, то шоми якшанбе дар бораи қонуншикание дар ҷараёни интихобот “ягон арзу шикоят ва муроҷиат ворид нашудааст.” Ин дар ҳолест, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми инъикос ва мушоҳидаи раъйдиҳӣ қонуншиканиҳо, аз ҷумла раъйдиҳӣ аз номи дигар касро мушоҳида карданд ва ба навор гирифтанд.

"Ба ҷойи худам ва оилаам овоз додам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон соати 3 эълон кард, ки дар интихоботи порлумонӣ беш аз 75 дар сади мардум ширкат кардаанд ва интихобот баргузоршуда ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи мақомоти комиссия 3 миллиону 700 ҳазор нафар то соати 3 ба вақти Душанбе дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG