Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сезин Синаноглу ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон шуд


Акси Сезин Синаноглу аз вебсайти СММ дар Боснияву Ҳерсоговина
Акси Сезин Синаноглу аз вебсайти СММ дар Боснияву Ҳерсоговина

Як дипломати турк дар Тоҷикистон ба ҳайси Ҳамоҳангсози доимии СММ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Кори Сезин Синаноглу дар ин мақом 2 март оғоз мешавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як манбаъ дар дафтари СММ дар Душанбе хабар дод. Ӯ гуфт, ки номзадии Синаноглу ҳанӯз чанд моҳи пеш тасдиқ шуда буд. То ҳол ба ҳайси иҷрокунандаи муваққатии ин мақом Пратибҳа Меҳта ифои вазифа мекард, ки ба ҳайси намояндаи доимии Барномаи рушди СММ кор мекунад.

Дар хабарҳои дигар гуфта мешавад, ки номзадии дипломати турк дар мақоми аршади раҳбари СММ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳам тасдиқ шудааст. Синаноглу бо як қарори рӯзи 20 феврали дабири кулли СММ Антонио Гутерреш барои раҳбарии барномаҳои СММ ба Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Сезин Синаноглу собиқаи 25-солаи кор дар СММ-ро дорад ва дар гузашта ба ҳайси раҳбари дафтари СММ дар Босния ва Ҳерсоговина, дар мақомҳои раҳбарикунандаи СММ дар Муғулистон, Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон кор кардааст. Ӯ хатмкардаи донишгоҳи технологии Ховари Миёна дар Анкара мебошад.

Таъиноти Сезин Синаноглу ба мақоми раҳбари СММ дар ҳолест, ки ин сохтор барои нақши заъифаш дар амри дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва татбиқи барномаҳои марбут ба озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мавриди интиқод аст. Нақши боризи ин созмонро, ки инак 26 сол мешавад дар Тоҷикистон ҳузур дорад, коршиносон бештар ба даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он пайванд медиҳанд, ки барои барқарорсозии баъдиҷангии кишвар заҳматҳо кашидааст.

XS
SM
MD
LG