Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико 28-уми феврал дар як паёми видеоӣ хабар дод, ки "ИМА амалиётҳои бузурги низомиро дар Эрон оғоз кардааст". Трамп гуфт, ҳадафи ин ҳамлаҳо "бартараф кардани таҳдидҳои фаврӣ аст".
Вазорати дифои Исроил ҳам аз анҷоми "ҳамлаи пешгирона" ба Теҳрон хабар додааст.
Як мақоми амрикоӣ дар гуфтугӯ бо Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҳамлаҳои Амрико аз тариқи ҳаво ва дарё дар ҳоли анҷом шудан аст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо аз байн бурдани ниҳодҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ сурат мегирад.
Ҳамзамон расонаҳои дохилии Эрон бо пахши видео ва акс аз таркиш дар маркази шаҳри Теҳрон гузориш доданд. Ба гузориши ин расонаҳо, таркишҳо дар хиёбони ҷумҳурӣ ва майдони Постур рух додааст, ки маҳалли иқомати Алии Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии исломӣ аст. Бинои қасри президент, Додгоҳи олӣ ва Шӯрои нигаҳбони Ҷумҳурии исломӣ ҳам дар атрофи майдони Постур ҳастанд.
Хабаргузории расмии Меҳр аз таркиш дар шаҳрҳои Исфаҳон, Қум ва Луристон хабар додааст. Оҷонсии "Ройтерс" аз қавли хабаргузории "Форс" навиштааст, садои таркиш дар шаҳрҳои Караҷ ва Кирмоншоҳ ҳам шунида шуд.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ дар шаҳри Табрез, дар шимолу ғарби Эрон, ду таркиш ба қайд гирифта шудааст.
Дар бораи талафот ва оқибатҳои ин ҳамла ҳанӯз гузориши дақиқе нарасидааст. Хабаргузории "Тасним" наздик ба Сипоҳи посдорон хабар дод, ки фазои Ҷумҳурии исломӣ баста шудааст.
Рӯзномаи "Ҷерусалим пост" навиштааст, артиши Исроил ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор додааст, ки дар минтақаҳои наздик ба паноҳгоҳҳо бошанд.
Исроил интизор дорад, ки Эрон ба ҳамлаҳои ин кишвар посух хоҳад дод.
Ҳамзамон хабаргузории Фаронса ҳам аз "ҳушдори бисёр ҷиддӣ" дар шаҳри Байтулмуқаддас дар Исроил хабар дод.
Дар ду рӯзи гузашта чанд кишвар, аз ҷумла ИМА, Чин, Итолиё, Фаронса ва Лаҳистон аз шаҳрвандони худ даъват карданд, ки Эрон, Исроил ва кишварҳои Ховари Миёнаро тарк кунанд.
Хабар давоми рӯз такмил мешавад