Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Саида Мирзиёева бо Иванка Трамп дар Дубай


Саида Мирзиёва, духтари президенти Узбекистон бо Иванка Трамп, духтари президенти ИМА дар Дубай мулоқот кард. 16-уми феврали 2020.
Саида Мирзиёва, духтари президенти Узбекистон бо Иванка Трамп, духтари президенти ИМА дар Дубай мулоқот кард. 16-уми феврали 2020.

Рӯзи 16-уми феврал дар шаҳри Дубай Анҷумани ҷаҳонии бонувон оғоз шуд. Дар рӯзи аввали анҷуман Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёева ҳамчун узви Комиссияи баробарии гендерӣ дар ин кишвар баромад кардааст.

Мирзиёева пеш аз оғози анҷуман дар Telegram навиштааст, ки ӯ бо Иванка Трамп, духтари Доналд Трамп вохӯрдааст. "Пеш аз оғози Анҷумани ҷаҳонии бонувон президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпасс маро бо Иванка Трамп шинос намуд",-навиштааст вай.

Духтари Мирзиёев дар суханронияш Имороти Муттаҳидаи Арабиро барои лоиҳаҳои навоваронаи занона бештар муносиб дониста, гуфтааст, барои табодули таҷриба дар ин замина кишвари муҳим аст.

"Таърихи тӯлонии Узбекистон таърихи бонувони мо ҳам ҳаст. Ҳоло замоне расидааст, ки бояд ба онҳо имконият дод, то тавоноӣ ва қобилияти худро бидуни маҳдудият ва тарс нишон диҳанд",-изҳор доштааст Мирзиёева.

Дар мавриди баробарии гендерӣ дар Узбекистон Мирзиёева гуфт, ки имрӯз дар ин замина ба пешрафтҳои бесобиқае ноил шудаанд, вале "бо хатарҳои нав ҳам рӯбарӯ мешавем". Ба гуфтаи ӯ, бонувони узбек дар деҳот, ки бо кишоварзӣ машғул ҳастанд, ба дастгирӣ ниёз доранд.

Саида Мирзиёева то чанде пеш муовини раҳбари Оҷонси иттилоот ва робита бо ҷомеаи назди президенти Узбекистон буд. Ӯ 29-уми январ бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо дода, гуфт, Бунёди ҷамъиятии пуштибонӣ ва рушди расонаҳои миллиро таъсис додааст.

Дар маросими муаррифии бунёд Саида Мирзиёева гуфт, бо тамоми имконот ва таҷрибааш талош хоҳад кард, ки аз озодии баён ҳимоят кунад, шаффофияти кори мақомотро таъмин ва ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорону блогнависонро ҳифз намояд.

XS
SM
MD
LG