Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати сабтиноми дубораи симкортҳоро то 2022 дароз карданд. ВИДЕО


Навбати сокинон барои гирифтани симкорт. Акс аз бойгонӣ
Навбати сокинон барои гирифтани симкорт. Акс аз бойгонӣ

Муҳлати сабтиноми дубораи симкортҳоро бо шиносномаи нави пластикӣ (ID) дар Тоҷикистон то моҳи феврали соли 2022 дароз карданд.

Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора 14-уми феврал содир шуда, танҳо шоми 15-уми феврал ба воситаи расонаҳои давлатӣ эълон гардид.

Тасмими сабтиноми дубораи симкортҳо бо шиносномаи нави пластикӣ дар як соли ахир борҳо мавриди танқиди сокинон ва мухолифон шудааст. Мардум онро харҷи изофӣ, мояи саргардонӣ ва як роҳи, ба гуфтаи онҳо, пулҷамъоварии мақомот донистанд. Мақомот гуфтанд, ин иқдом ба хотири тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим аст.

Намунаи шиносномаи пластикӣ
Намунаи шиносномаи пластикӣ

Пештар мақомоти Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаи нави пластикӣ ва сабтиноми дубораи симкортҳо то рӯзи шанбеи 15-уми феврали имсол фурсат дода буданд. Бархе аз сокинон гуфтанд, ба сабаби навбати дароз барои гирифтани шиноснома дар замони таъиншуда симкортҳои худро нав накарданд.

Мижгона Тошева, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, тамоми талошашро кард, то рӯзи 15-уми феврал шиносномаи нав бигирад ва симкорташро дубора сабтином кунад, аммо муваффақ нашуд. Шиносномаи ӯ ҳанӯз омода нест.

"20 рӯз пеш барои гирифтани шиноснома ҳуҷҷат супорида будам. Ҳоло омода нашудааст. Мегӯянд, ки фурсат нашуд, одам зиёд аст", -- нақл кард ӯ.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 6,9 миллион симкорт ҳаст, ки аз ин шумора танҳо 2,8 миллиони он бо шиносномаҳои пластикӣ сабтином шудаанд.

​Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, онҳое, ки телефони мобилӣ ва симкорт надоранд, вазифадор нестанд, ки шиносномаи куҳна ваё коғазии соли 1996-ро бо шиносномаи пластикӣ иваз кунанд. Тибқи қарори ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои мобилӣ бояд симкортҳои худро бо шиносномаҳои пластикӣ ё ID дубора сабтином намоянд.

Тасмими бо шиносномаи нав сабтином кардани симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бар асоси як қарори ҳукумат шурӯъ шуд.

Сокинон ва мунтақидон онро харҷи изофӣ ва саргардонӣ барои аҳолӣ номиданд, аммо мақомот онро барои тақвияти чораҳои амниятӣ муҳим шумурданд.

Тақдири симкортҳо чӣ хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Ин тасмим анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва интиқодҳои зиёдеро дар пай дошт. Бархе аз сокинон барои гирифтани шиносномаи нав ва сабти дубораи симкорт соату рӯзҳо дар пушти идораҳои шиносномадиҳӣ интизор мемонданд. Барои иваз кардани шиноснома 10 доллар ё наздики 100 сомонӣ зарур аст.

Аксарият аз аввал ба ин бовар буданд, ки мақомот дар муҳлате, ки муайян кард, зарфияти додани шиносномаҳои навро ба сокинон надорад. Мақомот ба тавоноиҳои худ таъкид доштанд. Дар ин муддат ду дафъа муҳлат тағйир ёфт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG