Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири 3,8 миллион симкорт баъди моҳи феврал чӣ мешавад? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ.

Дар Тоҷикистон қариб 4 миллион симкорт бо шиносномаи соли 1996 сабтином шудааст. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтанд, дар сурати то 15-уми феврали имсол сабтином накардан бо шиносномаҳои нав ё пластикӣ, мумкин аст, фаъолияти ин симкортҳо қатъ шавад. Сокинон мегӯянд, иваз кардани симкорту шиноснома пулу фурсат мехоҳад ва на ҳама ин имконро дорад.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 27-уми январ ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе эҳтимоли дароз шудани муҳлати сабтиноми симкортҳоро бо шиносномаҳои нав рад кард. Ӯ гуфт: "Агар қонун талаб кунад, симкортҳоеро, ки то 15-уми феврал аз қайд нагузаштаанд, хомӯш мекунанд."

Тақдири 3,8 миллион симкорт чӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Адолат Абдураҳмонзода, муовини дигари раиси Хадамоти алоқа дар нишасти хабарӣ гуфт, то ин дам 3,2 миллион симкортҳо бо шиносномаи нав сабтином шуда, 3,8 миллион симкорт ҳанӯз бо шиносномаи соли 1996 сабтином шудаанд.

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, бояд ҳамаи симкортҳо дар Тоҷикистон бо шиносномаи нав ё пластикӣ сабтином шаванд. Ин тасмим дар соли гузашта анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва интиқодҳои зиёдеро дар пай дошт.

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед

Қарори ҳукумат дар бораи сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав моҳи феврали соли гузашта содир шуд ва барои ин кор то моҳи августи 2019 муҳлат доданд. Дар ин муддат ин кор иҷро нашуд ва ҳукумат муҳлатро то 15-уми феврали соли 2020 дароз кард.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа дар нишасти хабарӣ омори дигареро пешниҳод кард ва гуфт, аз 3,8 миллион симкорте,, ки бо шиносномаи нав сабтином нашудаанд, 1,3 миллионаш фаъол ҳастанд.

Масъулини Хадамоти алоқа дар ин нишасти хабарӣ айни замон аз мардум шикоят карданд, ки рӯзҳои охири сабти симкортро мунтазир мешаванд. Аммо дар гузашта аҳолӣ аз он интиқод карданд, ки гирифтани шиносномаи нав барои онҳо гарон аст ва мӯҳлати муқарраршуда низ кофӣ нест.

Баъзе вакилони Маҷлиси намояндагон низ аз ин тасмим интиқод карда ва гуфта буданд, барои таъмини ҳамаи шаҳрвандон бо шиносномаҳои нав ҳадди ақал 4 сол зарур аст ва дар як сол таъмини мардум бо шиносномаи нав ғайриимкон аст. Аммо мақомот доимо ба дурустии тасмими худ таъкид мекунанд.

Соли гузашта бархе аз сокинон барои гирифтани шиносномаи нав ва сабти дубораи симкорт соату рӯзҳо дар пушти идораҳои шиносномадиҳӣ интизор мемонданд. Барои иваз кардани шиноснома 10 доллар ё наздики 100 сомонӣ зарур аст.

Навор аз моҳи июли соли 2019 аз як нуқтаи шиносномадиҳӣ:

Мушкили табдили санадҳои дохилӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Сокинон ҳоло ҳам мегӯянд, ба хотири шиносномаи нав маҳрум кардани онҳо аз иртибот "поймол кардан"-и ҳуқуқи онҳост. “Симкортамро чаро хомӯш мекунанд? Агар давлати демократӣ аст, ҳуқуқи шахс поймол мешавад. Маҷбур мекунанд, ки ту шиноснома гир, баъд симкорт истифода бурда метавонӣ. Нагирӣ наметавонӣ. Яъне, ҳамон шиносномаро бихар," -- гуфт Рустам Шарифов, сокини 54-солаи шаҳри Душанбе.

Тоҳир Мақсудов, сокини дигари пойтахт ҳам мегӯяд, бо талаби зиёд ахиран ӯ маҷбур шуд, шиносномаи нав гирад. Аммо ин сокини Душанбе гуфт, зарурати ин корро то ҳол намедонад: "Ҳамон шиноснома ва ному насаб низ ҳамон. Фақат пластика. Фарқаш чист?”

То анҷоми муҳлати муқарраркардаи ҳукумат се ҳафтаи дигар мондааст. Дар ин муддат бояд 3,8 миллион симкорт ва ё ҳадди ақал 1,3 миллион симкорти фаъол аз байни онҳо бо шиносномаи нав сабтином карда шавад. Мақомот умед доранд, ки дар ин муддат ин кор анҷом меёбад, аммо бархе коршиносон ғайримумкин мехонанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (33)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG