Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати сабти симкортҳо шаш моҳ дароз карда шуд. ВИДЕО


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати ба қайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи нав то 15-уми феврали соли оянда тамдид карда шуд. Пештар ин муҳлат то 15-уми августи имсол муқаррар шуда буд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба қарори ҳукумат тағйирот ворид шуда, муҳлати бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи нав то 15-уми феврали соли 2020 тамдид карда шуд.

Ин қарор рӯзи 15-уми август аз сӯи раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст. Дар ин қарор, ки дар "Ҷумҳурият" -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон ба нашр расид, омадааст, ки дар қарори қаблӣ, "рақам ва калимаи "6 моҳ" ба калимаҳои "як сол" иваз карда шаванд".

Аз ин пештар масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буданд, ки то мӯҳлати таъйиншуда, иваз кардани шиносномаҳои кӯҳна ба нав имкон надорад. Ҳарчанд идораҳои шиносномадиҳӣ фаъолияти худро то 14 соати корӣ ба роҳ монданд, аммо натавонистанд ҳамаи хоҳишмандонро қабул кунанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Сабти симкортҳо бо шиносномаи нав то моҳи феврали соли 2020 тамдид шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки мухолифи талаботи нав дар бораи сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав буданд, аз тамдид шудани мӯҳлат истиқбол мекунанд. Вале мегӯянд, худи қарори ҳукумат дар ин бора ғайриқонунӣ аст ва мақомот ҳуқуқи бунёдии инсонро нақз мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин як роҳи дигари ситонидани пул аз мардум аст ва маълум нест, ки ин маблағ ба кисаи кӣ меравад.

Нуриддин Қаршибоев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, "бо вуҷуди он, ки мухолифони ин иқдом зиёд буданд, новобаста аз он, ки изҳороти зиёд дар бораи поймол кардани ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон садо дод, вале боз ҳам лоббиҳои ин гӯрӯҳ кӯшиш доранд нақшаҳои худро амалӣ намоянд. Ба эҳтимоли зиёд ин гуна "ай дӣ корт"-ҳо омодаанд ва бояд фурӯхта шаванд. Афроди манфиатдор аз ҳисоби ин амалиёт фоидаи калон ба даст меоранд".

Тибқи омори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон то 11-уми июли имсол, 1 миллиону 883 385 симкорт бо шиносномаи нав ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ ҳудуди 6,5 миллион нафар аз телефони мобилӣ истифода мебаранд ва тақрибан 5 миллион нафари онҳо муштариёни фаъол ҳастанд.

Тибқи дастури ҳукумат, симкортҳоро фақат дар сурате ба номи соҳибаш дубора сабти ном мекунанд, ки корти ҳуввият дошта бошанд, на шиносномаҳои маъмулӣ, ки то соли 2014 ба мардум медоданд. Ҳоло бештар аз 3 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон шиносномаи маъмулӣ доранд.

Масъалаи табдили симкортҳо аз тирамоҳи соли гузашта як масъалаи бисёр доғ дар Тоҷикистон шуд. Мақомот он замон гуфтанд, барои таъмини амнияти миллӣ ва сӯистифода нашудани симкортҳо, бояд ҳамаи онҳоро аз нав ба номи соҳибонашон ва бо шиносномаҳои нав сабт кунанд.

Вале бархе ҳукуматро ба он муттаҳам мекарданд, ки барои пур кардани будҷа ва пайдо кардани манбаи даромад, ин роҳро пеш гирифтааст. Ин гурӯҳ сабти номи дубораи симкорт бо шиносномаи навро зарур намедонанд ва зарбае ба кисаи худ меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG