Пайвандҳои дастрасӣ

"Аждаҳои яксара акнун сесара шуд". Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Имрӯз дар бораи шиносномаву симкортҳои шумо гап мезанем ва дар бораи ширкати "Барқи тоҷик", ки ба гуфтаи як корбар" ба "аждаҳои сесара" табдил мешавад.

Ғавғо дар бораи иваз кардани симкортҳо, мисли ғавғо паси дари шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ идома дорад. Мардум аз он асабонӣ ҳастанд, ки дар муддати кӯтоҳе ду дафъа аст бояд симкортро дигарбора ба номашон сабт кунанд.

Аз ҷумла Умеда Бобоева, ки дар "Фейсбук" навиштааст, "соли гузашта ҳомила будам. Аз соати 6 саҳар то соати 12 навбат истодам ва симкортро ба номам сабт кардам. Акнун бо бачаи 9 моҳаам паси дари шӯъбаи шиносномадиҳӣ истам ва боз барои сабти симкорт равам".

Мадина Нуруллоева ҳам мегӯяд, вақт барои ин кор надорад ва намедонад, ки фурсат барои сабти дигарбораи симкорт меёбад, ё не. "Дар корхонаи давлатӣ кор мекунам. Рӯзи кориам соати 8 сар мешавад соати 5-и бегоҳ аз кор мебароям. Вақти иваз кардани шиноснома надорам, 3 маротиба рӯзҳои шанбе рафтам, аз одами бисёр навбатам нарасид, ба хона баргаштам. Намедонам оқибаташ чӣ мешавад",-мегӯяд Мадина.

Корбари дигаре дар вебсайти Радиои Озодӣ худро "Саргардон" муаррифӣ карда ва гуфтааст, ки "ду дафъа ба шӯъбаи шиносномадиҳӣ рафтам, пур аз одам. Баъзе занҳо бо тифлонашон. Ҳаво гарм, нафас гирифта намешавад. Кори коргарони шиносномадиҳӣ суст. Ба фикрам, дигар симкорт истифода намебарам, чун ҳаёти 20 соли пеш".

Дар сафҳаи "Инстаграмм" як хабари кӯтоҳе доштем дар бораи қадри шиносномаҳо дар ҷаҳон. Яке аз корбарон навиштааст, "бар асоси арзёбии як ширкати машваратӣ аз Швейтсария, беҳтарин шиноснома дар ҷаҳон шиносномаи Сингапур аст, ки соҳибаш метавонад ба 189 кишвар бе виза сафар кунад. Бо шиносномаи Амрико ба 183 кишвар. Аз Тоҷикистонро худатон медонед".

Фирӯз, як корбари саҳифаи "Инстаграм"-и Радиои Озодӣ гуфтааст, паспорти Тоҷикистон беҳтарин аст, чун ба қавли ӯ, бо ҳамин паспорт роҳи Душанбе-Маскавро хӯрда кардааст.

Озодӣ Онлайн: "Пул надиҳем, сарамонро метарошанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Искандарҷон ба сабабе ба масъалаи ватанпарастӣ дахл карда, гуфтааст, "бисёре аз тоҷикон фикр мекунанд, ки пинҳон кардани камбудии ватани худ, ватандӯстӣ аст. Баръакс нишон додани камбудӣ барои ислоҳи он ва ба нафъи умум ватандӯстӣ аст".

Масъалаи дигаре, ки ин ҳафта баҳси зиёди барангехт, дар бораи таъмини хонаҳои сокинон бо нерӯи барқ аст ва дар бораи ширкати "Барқи тоҷик". Агар вебсайти Радиои Озодиро хонда бошед, пас медонед, ки ширкати "Барқи тоҷик"ро ба се қисмат тақсим мекунанд, то кораш беҳтар шавад.

Корбаре бо номи Аллахоҷаев дар ин бора гуфтааст, "агар ширкатҳои фурӯш ва интиқоли барқ хусусӣ шаванду ба худиҳо дода шаванд, он гоҳ нархи нерӯи барқ даҳҳо маротиба боло меравад ва мардум қобилияти пардохти пули онро нахоҳанд дошт. Хубтараш ин ширкатҳоро ба хориҷиҳо диҳанд, то онҳо аз мардуми оддӣ ва доро якхела пул ҷамъ карда, дуздии барқро ба сифр расонанд. Дар акси ҳол фалокатро бояд интизор шавем".

Фаррух "Барқи тоҷик"-ро ба аждаҳои яксара монанд карда ва гуфтааст, "акнун аждаҳо сесара шуд. Як даҳонро сер карда натавонист, се даҳонро чӣ хел сер мекунад?"

Корбари дигаре бо киноя худро "Оҳ" муаррифӣ карда ва гуфтааст, "аввали моҳ пули барқро мепардозем, хешҳо пул надиҳанд айби мо чӣ? Агар пули обёриро надиҳем сарамонро росто метарошанд".

Шумо ҳам бинависед, истиҳола ва ё шарм накунед. Ва ё видеоҳои ҷолиби худро ба мо фиристед, мисли ин дӯсте, видеоро аз наздикии Файзобод фиристод. Видео дуди ғализи корхонаи сементи "Ёқут"-ро нишон медиҳад, ки ба гуфтаи муаллиф, то Файзобод мерасад ва аз таҷҳизоти кӯҳнае истифода мекунад, ки дар Чин истифодаашро манъ кардаанд.

Муаллифи видео мегӯяд, агар ширкат даромади якмоҳаашро барои навсозии таҷҳизот сарф кунад, олудагӣ аз байн меравад. Шумо ҳам видеоаву аксу фикру андешаҳоятонро фиристед аз тариқи Вотсапп, Вайбер ва Телеграму Имо. Мунтазири видеоҳои шумо ҳастем. То дидор дар барномаҳои дигар.

Шарҳҳоро бинед (10)

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG