Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори нави ҳукумат - сабти симкорт танҳо бо шиносномаи нав. ВИДЕО


Қарори нави ҳукумат дар бораи сабти дигарбораи симкортҳо дар Тоҷикистон вокунишҳои гуногун ва аксаран манфиро ба бор овард. Санадро рӯзи 9-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст.

Бар асоси он афроде, ки шиносномаҳои пластикии навро надоранд, бояд санади нав бигиранду симкортҳои худро дигарбора сабт кунанд. Муқаррароте, ки бештар мавриди танқид қарор гирифтааст ва ба гуфтаи баъзеҳо сабаби ҳарҷу марҷ дар идораҳои шиносномадиҳӣ ва марказҳои ба қайд гирифтани симкортҳо мешавад.

Матни қарор рӯзи 15-уми феврал дар "Ҷумҳурият" -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон зери унвони "Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он" ба нашр расид ва дар он талаботи нави гирифтани симкортҳои телефонҳои мобилӣ зикр шудааст.

Бо ин қарор раиси ҷумҳур ба Хадамоти алоқа дастур додааст, ки барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт ва сабти дигарбораи симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чора андешад. Шиносномаҳои соли 2014 корти пластикӣ аст, ки дар он иттило дар бораи соҳибаш, нақши ангуштон ва навъи хуни у ҳифз шудааст.

Қарори нави ҳукумат -- сабти симкорт танҳо бо шиносномаи нав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Шарҳи расмии қарор: Ба манфиати мардуму давлат аст

Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа рӯзи 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин тағийрот ҷамъоварии маълумоти дуруст дар бораи муштариён мебошад.

“Бо шиносномаҳои пеш мутаассифона аз ҷониби масъулони бақайдгирӣ ба хатоҳо роҳ дода мешавад, ҳарфҳо то охир навишта намешаванд, ё нодуруст навишта мешаванд ва дар вақти ҷустуҷи шахс ва дархост дар аз махзани ягонаи симкортҳо, дар бораи шаҳрванд маълумоти пурра бароварда намешавад” – гуфт ӯ.

Илҳом Атоев
Илҳом Атоев

Ба қавли Илҳом Атоев, қарори нав барои амният ва бехатарии шаҳрвандон муҳим аст ва ба нафъи худи онҳо мебошад.

“Бо гирифтани симкорт ва ё ба қайд гирифтани он бо шиносномаи нав махзани ягона дуруст кор хоҳад кард ва оянда барои бехатарии шаҳрвандон, истифодаи дурусти технологияи иттилоттии нав муфид буда, ин кор ба фоида давлат ва мардум аст” - афзуд мусоҳиби Радиои Озодӣ.

"Зарурат набуд, баҳонае барои ҷамъоварии пул аст"

Рустам Гулов, блогери тоҷик мегӯяд, ҳеҷ зарурат барои сабти дубораи симкортҳо набуд ва ҳадафи мақомот ҷамъоварии маблағ аз роҳи иваз кардани шиносномаҳо мебошад.

Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо шиносномаҳои солҳои пеш низ имкони дарёфти маълумотҳои дуруст аз махзани ягонаи симкортҳо ҳаст ва талаботи нав пеш аз ҳама ба ҷайби мардум таъсир мерасонад.

“Бубинед барои гирифтани шиноснома чӣ қадар пул сарф мешавад, чӣ қадар саргардонӣ аст, ин талабот як роҳест, ки мардумро маҷбур мекунанд, то шиносномаҳои нав бихаранд” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Чанд нафаре, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, гуфтанд, шиносномаҳои нави пластикӣ надоранд, вале бо қатъ шудани симкортҳояшон сари ин масъала фикр мекунанд.

Шералӣ Файзуллоев, як сокини Душанбе иброз дошт, ки намехоҳад, барои аз нав ба қайд гирифтани симкорти худ, бо харҷи маблағи зиёдатӣ шиносномаи нав гирад. Корти нави пластикӣ, ки дар Тоҷикистон ба ҷойи шиносномаи коғазӣ дода мешавад, 10 доллар арзиш дорад.

Бо қарори нави ҳукумат, масъулин вазифадор шудаанд, дар нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо камераҳои назорат гузоранд ва иҷоза надиҳанд, ки ба номи як нафар аз ду симкорт бештар сабт шавад.

Бар асоси ин қарор, ноболиғони 16 то 18-сола, бо ризояти хаттии падару модар ё намояндагони дигари қонунӣ метавонанд, бо пешниҳоди шиносномаи нав симкортро ба номи худ дастрас намоянд ва волидон ӯҳдадор шудаанд, ки истифодабарии симкортҳоро аз ҷониби фарзандони худ назорат намоянд.

Муқаррароти дигар ва "ғайримуқаррарӣ"

Фариштамоҳ Гулова, мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ мегӯяд, ҳоло ноболиғон аз технологияҳои навин хеле огоҳии хуб доранд ва назорати онҳо аз ҷониби волидон натиҷаи мусбат намедиҳад.

Ӯ мегӯяд, беҳтар аст, огаҳии ноболиғон дар бораи истифодаи дурусти ҳар навъ технология боло баранд.

Фариштамоҳ Гулова
Фариштамоҳ Гулова

“Вақте волидон ба фарзандони хуб боварӣ накарда, ҳар замон телефони ӯро назорат мекунад, дар ин ҷо баръакс нобоварии фарзанд ҳам нисбати волидонаш пайдо мешавад ва ӯ баъзан корҳоеро ки мехоҳад кунад пинҳонӣ анҷом медиҳанд. Онҳо ҳар чиро хоҳанд пок мекунанд, то волидон намебинанд” – гуфт ӯ.

Яке аз муқаррароти дигари қарори мазкур, манъи хариду фурӯши симкортҳои ширкатҳои хориҷӣ дар кишвар ва фурӯши симкортҳои ширкатҳои Тоҷикистон дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Дар гузашта масъалаи истифодаи симкортҳои ширкатҳои ҳамсоякишварҳо аз ҷониби сокинони наздимарзӣ борҳо ҷанҷолӣ шудааст. Коршиносон мегӯянд, хизматрасонии номуносиб, суръати пасти Интернет ва нархи гарони истифодаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон боиси он шудааст, ки сокинони наздимарзӣ аз симкортҳои ҳамсоякишварҳо истифода баранд.

Симкорт - ҷанҷоли калоне, ки аз соли гузашта меояд

Қарори нави ҳукумати Тоҷикистон баъд аз он нашр шуд, ки моҳи августи соли гузашта мақомот нархи як симкортро то 250 сомонӣ таъйин карданд. Қарор буд, муқаррароти нав аз моҳи сентябр ба иҷро дарояд, вале баъдан бо дастури раиси ҷумҳур то якуми январи соли 2019 мавқуф гузошта шуд.

Тасмими боло бурдани нархи симкортҳо ва ҳамчунин аз як ном ба номи дигар гузарондани симкортҳо дар соли гузашта боис ба навбати тӯлонии мардум дар пушти марказҳои хидматрасонӣ шуд. Мардум гуфтанд, зӯри ҳама барои харидории симкортҳои гарон намерасад ва бояд мақомот дар ҳамагуна тасмимгирӣ ҷайби сокинонро ба инобат гиранд.

Масъалаи 50 маротиба боло бурдани нархи симкорт баъди чанд ҳафтаи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ матраҳ шуда буд, ки Тоҷикистонро дар як лаҳза ба сархати хабарҳои ҷаҳон баровард. Дар ҳодисаи моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара чаҳор ҷаҳонгарди ғарбӣ кушта шуд.

Мақомот бар ин бовар буданд, ки агар нархи симкорт 250 сомонӣ шавад, террористҳо имкони дарёфти онҳоро аз даст медиҳанд. Дар баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ангезаҳои моливу иқтисодии қарор интиқод шуд.

Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пешниҳод кард, нафароне, ки симкортҳои худро барои истифода ба дигарон додаанд ё нафари дигар онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, "ба оқибатҳои вазнин оварда расондааст", то 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 2 то 3 сол зиндонӣ шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG