Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 январ – ҷарима афзуд, тақдири симкортҳои 250 сомонӣ чӣ шуд?


Якуми январ дар тақвими расмии Тоҷикистон истироҳат аст, вале дар ин рӯз чанд дастуру қонуне мавриди иҷро қарор гирифт, ки дари кисаи мардумро мекӯбад.

Мегӯянд, ки қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад. Кам-кам афзудани мизони ҷаримаҳо низ мисли дарё шудани қатра аст

"Муштариён ҳеч огоҳӣ нагирифтанд"

Дар ин рӯз муҳлати муваққатии манъи фурӯши симкортҳои 250 сомонӣ ба поён расид. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта дастур дода буд, ки симкортҳои 250 сомонӣ то якуми январи соли 2019 муваққатан аз фурӯш бардошта шавад ва дастгоҳи иҷроияи президент дар ин муддат дар бораи арзиши симкорт ва тартиби истифодаи он пешниҳод ироа кунад.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи якуми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз нархи ниҳоии симкортҳо маълум нашудааст. Дар ширкатҳои мобилӣ ҳам гуфтанд, рӯзи якуми январ нархи симкортҳо тағйир наёфт ва ба муштариён низ огоҳӣ фиристода нашудааст.

"Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло рафт"

Фурӯши симкортҳо бо нархи 250 сомонӣ пешниҳоди мақомоти интизомӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон буд ва бояд моҳи августи соли 2018 иҷро мешуд. Ҳоло маълум нест, ки тақдири симкортҳои 250 сомонӣ чӣ шудааст. Оё симкортҳо бо ҳамин нарх ба фурӯш бароварда мешаванд ё аз он арзонтар? Қаблан ширкатҳои мобилӣ пешниҳод кардаанд, ки арзиши як симкорт дар Тоҷикистон набояд аз даҳ доллар зиёд бошад.

Дар рӯзи якуми январ андоза ё мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон низ боло рафт. Ин тағйирот бар асоси қонуни буҷети Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар он ҳаҷми нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо аз 50 ба 55 сомонӣ боло бурда шуд.

Андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон аз рӯи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" шумурда мешавад ва болоравии он ҳаҷми тамоми ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмиро боло мебарад.

Гарон шудани баъзе намуди андоз ва боҷи гумрукӣ

Дар ду соли охир бори дувум аст, ки ҳаҷми ҷаримаҳо дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Соли 2017 ҳаҷми "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" аз 40 сомонӣ ба 50 сомонӣ расонда шуд. Бар асоси тағйироти нав ҳама намуди ҷаримаҳо – аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ то ҷарима барои ҷиноятҳои сабук – ба андозаи даҳ дар сад зиёд мешавад.

Баъзе намуди боҷи гумрукӣ ва андозҳо низ тибқи қонун аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад ва нархҳои онҳо низ аз 1-уми январ гарон шуд.

Қаблан дар Сарраёсати буҷети Вазорати молияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки “нишондиҳанда барои ҳисобҳо” аз рӯи меъёри таваррум ҳисоб мешавад. Ба ин хотир, ҳадафи аслӣ аз боло бурдани ҳаҷми ҷарима ва пардохтҳои ҳатмӣ ин таваррум ё беқурбшавии асъор аст.

Муҳиддин, як сокини Душанбе гуфт, баъзе моҳҳо тақрибан то дусад сомонии худро “қурбони” ҷарима дар роҳҳо мекунад ва ин миқдор пул ба буҷети мисли ӯ барин афрод, ки маош сутуни аслии даромадашон аст, зарбаи сахт мезанад.

"Қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад"

"Бисёр мекӯшам, ки хато нашавад. Баъзан мошинҳои зиёд ҷамъ мешавад ва нохост одам аз хат берун меравад ё сураътро паст ва ё баланд мекунад. Ё баъзан надида мемонӣ, ки чӣ хел ранги чароғаки раҳнамо сурх шудааст. Ҳодисаҳое ҳаст, ки ҳеч кас кафолати рух надодани онҳоро дода наметавонад ва мо ҳам эмин нестем. Мегӯянд, қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад. Кам-кам афзудани мизони ҷаримаҳо низ мисли ҳамин дарёст", - мегӯяд ӯ.

Мавзӯи гарон будани ҳаҷми ҷаримаҳо бо назардошти вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки сокинон дар пайи ҷаримаҳои ҳангуфт даст ба худкушӣ заданд. Соли гузашта Олимхӯҷа Муҳаммадиев, сокини миёнсоли ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима шудан худкушӣ карда буд. Мақомот ӯро барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани мошини писараш чунин ҷарима бастанд.

Патент ҳам аз 1 январ гарон шуд

Таҳлилгарон мегӯянд, ба хотири беқурбшавии пули миллӣ боло бурдани ҳаҷми ҷаримаҳо, ки мақомот онро далели аслӣ медонанд, баҳсбарангез аст. Ба гуфтаи коршиносони иқтисодӣ, роҳҳои дигаре вуҷуд доранд, ки метавонанд таъсири поёнравии қурби асъорро кам кунанд.

Аз якуми январ арзиши патенти кор барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав аз 4,5 ҳазори қаблӣ ба 5 ҳазор рубл боло бурда шуд. Ҳарчанд ин қарор дар дохили Тоҷикистон нест, вале мустақим ба ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик рабт мегирад, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия рафтаанд, вале солҳои охир ҷайбашон аз ҳисоби пули патенту иҷора ва андоз ҳарчи бештар холитар мешавад.

XS
SM
MD
LG