Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани ширкатҳои мобилӣ: Симкорт набояд аз $10 зиёд шавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

То анҷоми муҳлати муқарраркардаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои бозбинии нархи симкортҳо як моҳи дигар монд.

Ин масъала ҳам паҳлӯи амниятӣ ва ҳам иҷтимоӣ дорад.

Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки нархи як симкорт набояд аз 100 сомонӣ, муодили даҳ доллари амрикоӣ зиёд шавад. Қаблан мақомот нархи як симкортро 250 сомонӣ (тақрибан 25 доллар) муқаррар карда буданд ва ин тасмими онҳо дар тобистони имсол бо вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуд.

"Арзиши симкортҳо чандон боло бурда нашавад"

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилӣ, рӯзи 29-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нархи ниҳоии симкортҳо ба камияш то 15-уми декабри имсол ниҳоӣ хоҳад шуд.

Ғафурҷон Эркаев
Ғафурҷон Эркаев

"Дар масъалаи нарх ҳарфи ниҳоиро Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд. Аммо мо пешниҳод кардем, ки арзиши симкортҳо чандон боло бурда нашавад. Набояд нархи як симкорт аз 10 доллар зиёд бошад", - афзуд ӯ.

Дар ҳар сурат, ба гуфтаи Ғафурҷон Эркаев, тағйирот дар нарх ва истифодаи симкортҳо бояд дар нимаи аввали моҳи декабр мушаххас шавад. Чун ширкатҳо тибқи қоида ду ҳафта пеш муштариёни худро аз тағйирот дар хидматрасониҳо огоҳ мекунанд.

Эҳтимоли маҳрум шудани то 14-солаҳо аз симкорт

Як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам бе зикри номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд нархи симкортҳо аз 250 сомоние, ки муқаррар шуда буд, поин оварда шавад.

Хулосаи ниҳоиро дар ин маврид як гуруҳи вижаи корӣ хоҳад дод, ки аз сӯи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Ин гуруҳ дар баробари нарх масъалаи ба ҳар як шаҳрванд додани як симкорт ва маҳрум кардани афроди то 14-сола аз истифодаи симкортро низ баррасӣ мекунад.

Гуфта мешавад, дар масъалаи маҳдуд кардани теъдоди истифодаи симкорт барои як муштарӣ пешниҳодҳо мухталиф мебошанд. Қаблан ҳам пешниҳод буд, ки дар оянда операторони телефонҳои мобилӣ ба ҳар як шаҳрванд аз рӯи коди идентификатсионӣ (рақами ягонаи миллӣ) симкорт бидиҳанд.

Мақомот тасмими тағйирот дар нарху тартиби истифодабарии симкортҳоро барои амнияти кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд. Масъалаи то ба 250 сомонӣ расонидан ё 50 маротиба боло бурдани нархи симкорт дар тобистони имсол низ баъди чанд ҳафтаи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ матраҳ гашт.

"Ин масъала ҷанбаи амниятӣ ва иҷтимоӣ дорад"

Нодир Мирзоев, узви Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотиву мухобиротии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 29-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи тартиби истифодабарии симкорт ва нархи он ҷиддӣ аст ва бояд пурра омӯхта шавад. Ӯ гуфт, "дар бисёре аз кишварҳо кӯшиш доранд, ки ба хотири бехатарӣ ин кор танзим карда шавад. Ин масъала паҳлӯи амниятӣ ва ҳам иҷтимоӣ дорад. Ҷанбаҳо хеле васеъ аст ва гурӯҳи корӣ баррасӣ дорад. Касе аз пеши худ нархро муайян карда наметавонад."

Бархе аз сокинони кишвар мегӯянд, танзим ва назорат барои амнияту субот хуб аст, аммо гурӯҳе ҳам бо таваҷҷӯҳ ба кишварҳои дигар ҷонибдори истифодаи озоду бидуни маҳдудияти симкорт ҳастанд.

Муҳаммадҷон Азизов, як сокини пойтахт, мегӯяд, анбуҳи одамон дар назди ширкатҳои мобилиро дар моҳи августи имсол фаромӯш накардааст. Вай ҳоло интизор аст, ки барои гирифтан ё сабти номи дубораи симкорт ӯ ва хонаводааш чӣ қадарӣ сарф хоҳанд кард.

“Дубора бояд ба муҳоҷират равам. Интизор меравад, моҳи январ нархи симкортҳо тағйир ёбад. Мехоҳам дақиқ кунам. Агар арзон набошад, якбора ин масъаларо пеш аз сафар ҳал кунам. Агар тағйирот ҷиддӣ нест, беҳуда вақтро сарф накунам”, - мегӯяд ӯ.

Тасмиме, ки ҳаёҳу барангехт

Аввали моҳи августи имсол мақомоти Тоҷикистон нархи як симкорти телефонҳои мобилиро то 250 сомонӣ муқаррар карданд. Дар аввал қарор буд, ин тасмим 20-уми август иҷро шавад, вале дертар ба якуми сентябр гузошта шуд. Ин хабар боис ба эҷоди таҳлукаву норизоиятии мардум гардид.

Бисёре аз сокинон пушти дари марказҳои хидматрасонии ширкатҳи мобилӣ ҷамъ шуданд, то барои худ симкорт бигиранд. Дар охири моҳи август Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки фурӯши симкортҳои 250-сомониро то 1-уми январи соли 2019 муваққатан боздоранд. То анҷоми муҳлати муқарраркардаи президент барои бозбинии нархи симкортҳо як моҳи дигар мондааст.

Дар ҳоли ҳозир нархи як симкорти оддӣ дар ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 10 сомонӣ ва бештар аз он нарх дорад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG