Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди то 3 соли зиндон – барои ба каси дигар додани симкорт дар Тоҷикистон


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба касоне, ки симкорташонро барои истифода ба нафари дигар додаанд ё каси дигар онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, "ба оқибатҳои вазнин оварда расондааст", ҷазо пешниҳод кард.

Дар сурати ворид шудани ин иловаҳо ба қонун мардум ҳам боэҳтиёт мешаванд ва симкорташонро ба ҳар кас намедиҳанд

Вазорат дар тарҳи тағйиру иловаҳо ба моддаи 341-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои чунин афрод аз 150 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 7,5 ҳазор то 12,5 ҳазор сомонӣ) ҷарима ва ё аз ду то се соли ҳабсро талаб намудааст. Мақомоти вазорат то ба ҳол расман тасмими худро шарҳ надодаанд.

"Ин ҳанӯз тарҳ аст"

Як манбаъ дар мақомоти давлатии Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 18-уми август гуфт, ин тарҳи тағйирот барои баррасӣ ба идораҳои расмӣ фиристода шудааст ва дар сурати ҷонибдорӣ ёфтан ба унвонии ҳукумат фиристода мешавад.

Ин манбаъ гуфт, "ҳадаф аз ин пешниҳод ҷилавгирӣ аз фаъолияти аъзои гуруҳҳои ифротгаро ва мамнуъ аст. Онҳо аксаран аз симкорти афроди дигар истифода мекунанд. Аз як тараф боздоштани онҳо мушкилтар аст, аз сӯи дигар метавонад одами бегуноҳеро зери зарба гузорад. Дар сурати ворид шудани ин иловаҳо ба қонун мардум ҳам боэҳтиёт мешаванд ва симкорташонро ба ҳар кас намедиҳанд ва ё бо шиносномаи худ ба дигарон симкорт намегиранд."

Далели мақомот: Санҷиш чиро нишон дод?

Мусоҳиби мо афзуд, ин тасмим бепоя нест ва танҳо санҷиши интихобии 12 ҳазор муштарии ширкатҳои "Мегафон", "Бабилон", "Билайн" ва "Тселл" дар ду моҳи охир нишон додааст, ки тақрибан ниме аз онҳо "симкортҳои ба номи бегонаҳо сабтшударо истифода мекардаанд".

"Барои мисол, аз 4 ҳазор муштарии интихобан санҷидашудаи "Мегафон-Тоҷикистон" 2130 нафари онҳо симкорти каси дигарро истифода мекарданд. Ҳамин тавр, аз 2308 муштарии интихобан санҷидашудаи "Бабилон" 1138 нафарашон бо симкортҳои каси дигар тамос доштанд. Чунин ҳолат дар миёни муштариёни "Билайн" ва "Тселл" ҳам сабт шуд", - шарҳ дод манбаъ.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2016 қарор карданд, ки ҳамаи соҳибони симкортҳо дубора сабтином шуда, ба ҳар як муштарӣ на беш аз ду симкорт фурӯхта шавад. Дар гузашта сокинон дар хариду фурӯши симкортҳо озод буданд ва як нафар метавонист чанд симкорт дошта бошад.

Сабтиноми дубораи симкортҳо "рӯякӣ" буд?

Навбати соҳибони симкортҳо барои сабтиноми дубора дар ширкатҳои мобилӣ
Навбати соҳибони симкортҳо барои сабтиноми дубора дар ширкатҳои мобилӣ

Масъулони ширкатҳои мухобиротӣ гуфта буданд, ҳадафи асосӣ аз маъракаи сабтиноми дубораи соҳибони симкортҳо аз байн бурдани муштариҳои ғайрифаъол аст. Аммо охири соли 2015 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо нигаронӣ аз онки симкортҳои Тоҷикистон ба дасти ҷангҷӯёни Толибон дар Афғонистон низ расидааст, гуфта буд, “7 миллион симкорти фурӯхташуда бояд аз нав сабт шаванд”.

Инчунин, моҳи марти имсол фаъолияти аксар марказҳои дилерӣ дар Тоҷикистон, ки ба хариду фурӯши симкорти телефонҳои мобил машғул буданд, қатъ шуд. Дар ҳоли ҳозир ҳаққи фурӯши симкортҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва атбои хориҷӣ танҳо ба ду ширкат – "Ошно-групп" ва "О мобайл" фароҳам гардидааст.

Масъулон мегӯянд, маъракаи сабтиноми дубораи соҳибони симкортҳо он тавре ки интизор доштанд, сурат нагирифт, балки “рӯякӣ” ва “хунукназарона” буд. Дар як ҷаласа бо иштироки намояндагони Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои интизомӣ ҳам гуфта шудааст, ки “аз чунин фаъолияти хунукназаронаи ширкатҳои мобилӣ бархе аз шаҳрвандон барои рӯйпӯш кардани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Ин ҳолат ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат ва ҷамъият хатар эҷод менамояд.”

"Мардум худашон симкортро ба бегонаҳо медиҳанд"

Аммо кормандони ширкатҳои мухобиротӣ мегӯянд, фурӯши симкортҳо ба шиддат назорат мешаванд. Онҳо мегӯянд, баъзан худи шаҳрвандон бо шиносномаи худ симкорт харида, баъдан онро ба истифодаи каси дигар медиҳанд.

Ахиран мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки нархи як симкорти телефонҳои мобилӣ то 250 сомонӣ муқаррар карда шавад. Қарор аст, ин тасмим пас аз 20-уми август дар Тоҷикистон иҷро шавад ва ширкатҳои мобилӣ муваззаф хоҳанд буд, симкортҳоро бо ҳамин нарх ба фурӯш бароранд.

Афроди огоҳ мегӯянд, ин ташаббус низ аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ буд ва мақомот дар доираи мубориза бо терроризм масъалаи боло бурдани арзиши сим-кортҳоро баррасӣ кардаанд, то “сокинон ҳар дам онро иваз накунанд”.

XS
SM
MD
LG