Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12500 сомонӣ ҷаримаи БДА ба зиндагии Олимхӯҷа нуқта гузошт


Як сокини вилояти Суғд баъди онки барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани мошини писараш ҷарима шуд, худкушӣ кардааст.

Ба аҳли хонавода ва шиносҳояш гуфтааст, ки шарманда шудам. Кору маблағ надорам. Ҷаримаро чӣ гуна месупорам?

Нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) рӯзи 8-уми июни имсол Олимхӯҷа Муҳаммадиев, сокини миёнсоли ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расуловро 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима карданд. Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ рӯзи 9-уми июн худро дар хона овехтааст.

"Опел"-ро ба ҷаримагоҳ бурданд

Қазияро Додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳқиқ кард. Дар ин идора рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, алайҳи Олимхӯҷа Муҳаммадиев бо иттиҳоми “идораи мошин бе шаҳодатномаи ронандагӣ” парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда буд. Инчунин, мошини тамғаи “Опел”, ки Муҳаммадиев паси фармони он менишаст ва ба писараш тааллуқ дошт, ба ҷаримагоҳ бурда шуд.

Ба нақли манобеъ аз Додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов, "Муҳаммадиев рӯзи 9-уми июн барои гирифтани мошини писараш ба идораи БДА рафтааст. Ба ӯ фаҳмондаанд, ки тибқи қонун, танҳо баъди пардохти ҷарима метавонад автомобилро гирад. Пас аз ин, ӯ руҳафтода шуда, ба хонааш баргаштааст. Ба аҳли оилаву шиносҳояш гуфтааст, ки шарманда шудам. Кору маблағ надорам. Ҷаримаро чӣ гуна месупорам? Ҳамон рӯз дар хонааш худро ба дор овехтааст."

Бино ба маълумоти БДА-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ду сол пеш низ Олимхӯҷа Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ рондани нақлиёт боздошт шуда, ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум гардида будааст. Ҷаримаи калони Олимхӯҷа Муҳаммадиев ин дафъа “болои сӯхта намакоб” шудааст.

"Бе муноқиша мезистанд"

Бархе аз дӯстони Олимхӯҷа Муҳаммадиев гуфтанд, ки хабари худкушиаш онҳоро дар ҳолати “шок” гузоштааст. Баҳодур Раҳмонов, муовини раиси ҷамоати Ғулакандоз, гуфт, Муҳаммадиев чанд сол боз ҷои кор надошт.

Як гӯшаи ноҳияи Ҷаббор Расулов
Як гӯшаи ноҳияи Ҷаббор Расулов

“Пештар бо мошини “Портер”-и яке аз писаронаш рӯзгори худро пеш мебурд. Соҳиби ду писар буд, ки соҳиби хонаву дар ҳастанд ва яке дар муҳоҷирату дигарӣ дар деҳа. Аҳли оила бо ҳам муносибати хуб доштанд ва бе муноқиша мезистанд. Гумон мекунам, ҷарима баҳонае барои худкушӣ шудааст”, - афзуд ӯ.

Яке аз наздикони оилаи Олимхӯҷа Муҳаммадиев бидуни зикри номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ солҳои охир руҳафтода ба назар мерасид. Ба қавли мусоҳиби мо, ҷаримаи калон алами ҷазои 2 сол пеш аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шуданашро тоза карда, рӯзи худкушӣ ба дӯстону наздикон аз бекор будан ва вазъи нохуби молӣ шиква кардааст.

Азоби ботинӣ?

Равоншинос Парвина Шукурова гуфт, ангезаи қасд ба ҷони худ кардани Муҳаммадиев на танҳо ба мушкили молӣ, балки эҳсоси шармандагӣ дар назди ҷомеа ҳам вобаста аст. Ӯ мегӯяд, "ёфтани 10-15 ҳазор сомонӣ барои як инсоне, ки аз дасташ кор меояд, ношуданӣ нест. Вале, гумон мекунам, азоби ботинӣ ӯро водор кард, ки даст ба худкушӣ занад ва худрову фарзандонро аз ин мушкил халос кунад."

Олимхӯҷа Муҳаммадиев яке аз даҳҳо сокинони вилояти Суғд аст, ки баъд аз шадидтар шудани ҷазо дар охири моҳи августи соли гузашта барои дар ҳолати мастӣ ё бидуни шаҳодатнома рондани мошин ҷарима шудааст. Моҳи августи соли 2017 ҷазо барои дар ҳоалти мастӣ ё бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани мошинро сангинтар карданд.

Сахттар шудани ҷазо

Бар асоси таҳрири нав, барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол муқаррар шудааст.

Ҷазо барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт низ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима аз 3-5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомонӣ) зиёд гардид.

Тарафдорону мухолифони ҷаримаи калон

Худкушии Олимхӯҷа Муҳаммадиев дар пайи ҷаримаи калон баҳси ин масъаларо дар миёни сокинони минтақа дубора гарм кардааст. Мухолифон мегӯянд, дар Тоҷикистон, ки маоши ҳадди ақал 350 сомонӣ аст, ҳазорон сомонӣ ҷарима бастан мардумро дар ҳолати сахти равонӣ қарор медиҳад ва рӯзгори хонаводаашонро талх мегардонад. Ҷонибдорони ин равиш бо ишора ба зиёд рух додани садамаҳои нақлиётии маргбор дар кишвар мегӯянд, танҳо бо ҷорӣ кардани ҷазоҳои сахт мешавад ҷилави онро гирифт.

Муҷозоти даҳҳо нафар

Пешниҳоди шадидтар намудани ҷазо барои ҳуқуқвайронкунии ронандагон тобистони соли гузашта аз сӯи раиси ҷумҳур сурат гирифт ва аз тарафи ду палатаи порлумони кишвар тасвиб гардид. Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар як мулоқот бо ҷомеа гуфт, ки аз соли 2010 то нимаи соли 2017 дар кишвар беш аз 10 ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, 3300 хонадонро мотамдору кӯдаконро ятим кардааст.

Биноба иттилои БДА-и вилояти Суғд, аз моҳи август то моҳи декабри соли гузашта беш аз 450 нафар барои риоят накардани қоидаҳои ронандагӣ, аз ҷумла - идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ (212 нафар) ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ (206 нафар) идора кардани мошин ҷазои маъмурӣ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG