Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни "Опел"-савории тоҷикон. Навбат ба Daewoo ва Chevrolet?


Тоҷирон мегӯянд, ки қарори ҳукумат дар бораи манъи воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба мошинҳои истеҳсоли Корея дар бозори Тоҷикистон бештар роҳ мекушояд. Чун мошинҳои истеҳсоли Олмон аз 2005 ба ин сӯ барои оммаи васеи мардум бинобар гарониашон дастнорас хоҳад шуд.

Мушкил - Боҷи гумрукӣ ва андоз ​

Дар Тоҷикистон мошинҳои истеҳсоли Олмон аз ҳама хушхарид ва мавриди писанди ронандагон аст. Интихоби аксарият бар сари мошини тамғаи "Опел" меафтад, чун ин мошини сохти Олмон ҳарчанд дасти дувум ҳаст, бинобар арзонӣ ва сифати хубаш дар муқоиса бо мошинҳои дигар аз маҳбубият бархӯрдор мебошад.

Тоҷирони мошин дар дохили Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷойи мошинҳои олмониро дар бозор айни замон мошинҳои сохти Корея танг мекунанд.

Илҳом Розиқзода, як соҳибкори тоҷик, ки чанд сол ба тиҷорати мошин машғул буд, рӯзи 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари мошинҳо аз Аврупо таввасути Латвия ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Чун ин ягона кишвари Балтика аст, ки ба самти Тоҷикистон роҳи оҳан дорад.

Ба нақли ин соҳибкор, тоҷирони мошин то кунун бештар мошинҳои истеҳсолашон то соли 2000-ум ва ин навтарро харида ба Тоҷикистон мефиристоданд, ки харидорони зиёде дошт. "Масалан, мошинҳои Opel-и истеҳсолаш то 2000-умро дар Латвия 600-700 доллар мехаранд. Бо вагон ба Тоҷикистон бурдани як мошин тақрибан 1000 доллар аст. Аз ҳама қимат боҷи гумрукӣ ва андоз аст, аз ҳар мошин 2000-2200 доллар ситонида мешавад. Вақте чунин мошин то ба Тоҷикистон мерасад, танҳо харҷаш 4200- 4300 доллар аст."

"Мошинҳои куҳна дуди бештар хориҷ мекунанд"

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, соҳибкорон бо изофа кардани як миқдор иловапулӣ ва фоидаи худ ин мошинҳоро мефурӯхтанд, ки харидоронашон қишри миёнҳоли аҳолӣ буд.

Мавзӯи манъ шудани воридоти мошинҳои бароришашон то 2005-ум дар нишасти Кумитаи ҳифзи муҳити зист рӯ зад. Мақомот гуфтанд, мошинҳои куҳна дуди бештар хориҷ мекунанд, ки боиси олуда шудани фазои атмосфера мешавад. Дар ин нишаст гуфта шуд дар робита ба ин ба ҳукумат пешниҳоди манъи воридоти мошинҳои истеҳсолаш то соли 2005-умро доданд ва дар сурати ҷонибдорӣ ёфтан ин муқаррарот аз 1-уми апрел ҷорӣ хоҳад шуд.

Аммо як ҳафта пас аз ин қарори ҳукумат дар ин бобат содир шуд ва алакай аз 15-уми феврал воридоти мошинҳои истеҳсолашон куҳнатар аз 2005 манъ шуд. Розиқзода мегӯяд, якбора содир шудани ин қарор бисёре аз тоҷиронро дар ҳолати ногувор гузошт, чунки бисёриҳо то харидории 6-7 мошин дар Латвия мунтазир мемонанд ва акнун онҳо намедонанд ин мошинҳоро дар куҷо бифрӯшанд.

Рӯ ба мошинҳои истеҳсоли Корея?

"Мошинҳои истеҳсолашон навтар аз 2005 дар худи Латвия 2-2,5 ҳазор доллар нарх дорад. Бо расидан ба Тоҷикистон ва пардохти боҷи гумрукӣ нархи онҳо ҳадди ақал 6-7 ҳазор доллар хоҳад буд, ки бисёриҳо қудрати бо ин қиммат харидорӣ кардани мошинро надоранд", - иброз дошт ӯ. Ин соҳибкори тоҷик мегӯяд, бо муқаррароти нав мошинҳои олмоние ба мисли Опел ва Мерседес, ки дар Тоҷикистон бисёр ба назар мерасанд барои аксарият дастнорас хоҳанд шуд.

Мубориз Субҳонов, муассиси торнамои mashina.tj.
Мубориз Субҳонов, муассиси торнамои mashina.tj.

Аммо тоҷирони мошин дар дохили Тоҷикистон мегӯянд, ҷойи мошинҳои олмониро дар бозор айни замон мошинҳои сохти Корея танг мекунанд. Мубориз Субҳонов, муассиси торнамои mashina.tj, ки як бозори роиҷи хариду фурӯши онлайнии мошинҳо аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон интихоби бештари харидорон сари мошинҳои истеҳсоли Корея ва Узбекистон меафтад.

Ӯ гуфт, "ҳоло бисёре аз ширкатҳои таксӣ мошинҳои истеҳсолашон куҳнатар аз 2007-умро намегиранд. Бинобар ин таксиронҳо талош мекунанд мошинҳои навтарро бигиранд. Ҳоло биcёриҳо, масалан, мошини Chevrolet Lacetti ва Optra мехаранд. Соли истеҳсолашон нав, аммо нархаш баробари ҳамон Опел аст."

Тоҷикистон мошин намесозад

Тоҷикистон ҳоло мошинҳои сабукрав истеҳсол намекунад. Танҳо дар шимоли кишвар корхонаи васлу насби автобусҳои ЛиАз фаъол буд. Айни чунин як корхонаи тракторбарорӣ, ки қисматҳояш аз Беларус ворид мешаванд, дар ноҳияи Ҳисор фаъол шуд. Дар шаҳри Душанбе ҳамчунон троллейбусҳои навъи Тролзаи Русияро васл мекунанд.

Бинобар ин, тамоми воситаҳои нақлиёт аз хориҷа ворид мешавад. Аз соли 2016 ба ин ҷониб воридоти мошин ба Тоҷикистон паёпай кам мешавад. Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар соли 2014 ба кишвар беш аз 88 ҳазор мошин ворид шуда буд. Аммо воридоти мошин дар 2016 то ба 6 ҳазор адад поин омад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG