Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бюик ва... Понтиак. Намоишгоҳи мошинҳои қадимӣ дар Душанбе. ВИДЕО


Сокинони Тоҷикистон дар як сол як бор имкон доранд, ки даҳҳо мошини қадимии сохти Шӯравию хориҷиро аз наздик дида, аксбардорӣ кунанд ва ҳатто чанд лаҳза сари чанбарак нишинанд.

Намоишгоҳи мошинҳои қадимӣ чанд сол боз дар Тоҷикистон баргузор шуда, ҳаводорони зиёдро гирди ҳам меорад.

Дар намоишгоҳи мошинҳои қадимӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, худрави “Бюик”-и сохти солҳои сивум, “Опел”-у “Мерседес”-и даврони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, “Форд” ва “Шевролет”-у “Понтиак” роҳ ёфтанд. Дар ин намоишгоҳ “Жигули”-ро ҳам ҷой дода буданд, ки барои насли нав дар Тоҷикистон акнун аз ҷумлаи мошинҳои қадимӣ ба ҳисоб меравад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Намоишгоҳи мошинҳои қадимӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Мошинҳои қадимӣ дар Тоҷикистон асосан ба сокинони миёнҳол мутааллиқанд ва онҳо мегӯянд, ки чунин мошинҳоро асосан аз рӯи шавқу муҳаббати зиёд ҷамъоварӣ карда ва то имрӯз нигоҳ доштаанд. Дар ҳоле ки дар кишварҳои ғарбӣ асосан сарватмандон мошинҳои қадимиро гирдоварӣ мекунанд.

Тоҳир, як сокини Душанбе, мегӯяд, Опели “Адмирал”-ро тақрибан даҳ соли пеш аз дӯстонаш харида ва ба он умри дубора бахшидааст. Вай мегӯяд, пайдо кардани қисмҳои эҳтиётии ин навъи мошин дар ин солу замон осон нест. “Бо ин вуҷуд чандин пешниҳоди хубро барои фурӯхтани мошин рад кардам”, - таъкид кард ӯ.

Вафо, яке дигар аз сокинони пойтахт, соҳиби “ГАЗ-69” будааст ва мегӯяд, ки тамоми қисмҳояшро аз ёд медонад. Вай гуфт, ин мошин соли 1954 истеҳсол шуда, барои таъмираш аз қисмҳои эҳтиётии мошинҳои куҳна, аз ҷумла “УАЗ” истифода мебарад.

Дар чаҳорчӯби намоишгоҳи имсолаи мошинҳои қадимӣ дар Душанбе озмун ҳам баргузор шуд. Дар ин озмун на ба чигунагии мошинҳо, балки таваҷҷуҳи сокинон ба онҳо баҳо дода шуд. Аммо ҳамаи соҳибони мошинҳои қадимӣ дар ин намоишгоҳ бе туҳфа намонданд. Ҳадди ақалл онҳо барои гирифтани чанд литр сӯзишворӣ имкон пайдо карданд.

Намоишгоҳи мошинҳои қадимӣ чанд сол боз дар Тоҷикистон баргузор шуда, ҳаводорони зиёдро гирди ҳам меорад. Баъзеҳо барои тамошо бо хонаводаҳои худ ба ин намоишгоҳ меоянд. Дар Тоҷикистон нахустин бор намоишгоҳи мошинҳои куҳнаи сохти Шӯравӣ соли 2010 дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуда буд. Созмондиҳандагони ин намоишгоҳ гуфта буданд, ки чанде аз ин мошинҳо ба Амонулло Ҳукуматулло, раиси пешини Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мутааллиқ аст.

XS
SM
MD
LG