Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандагон: Мо "страховка" мекунем, вале ёрӣ намегирем. ВИДЕО


Дар гузашта дар Тоҷикистон танҳо ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта” ҳаққи бима (страховка)-и мошинҳоро дошт. Ҳоло миқдори ин ширкатҳо аз 20 адад гузаштааст. Бо ин вуҷуд, соҳибони худравҳо мегӯянд, ки дар сурати садама ё ҳодисаҳои дигар бо мушкил метавонанд аз ширкатҳои бима ҷубронпулӣ бигиранд.

Назари мардум ба бима дар Тоҷикистон:

"Бима (страховка)-ро талаб намекунем, чунки бовар надорем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

"Ҷубронпулиҳоро додем"

Ҳамасола то як миллион соҳибони мошин дар Тоҷикистон ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои муоинаи техникӣ вазифадоранд, ки мошини худро бима кунанд. Ин навъи бима дар сурати рух додани садама ба соҳибонаш ҷуброни хисоротро кафолат медиҳад.

Абдулло Абдуллоев, муовини раиси ширкати “Тоҷиксуғурта”, рӯзи 23-юми январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, соли гузашта тақрибан 800 ҳазор нафар ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ моликияти худро бима кардаанд. Ӯ гуфт, “соли гузашта мо тақрибан ҳамаи дархостҳоро барои ҷуброн дар садамаҳои нақлиётӣ пардохт кардем. Танҳо бархе аз ҳолатҳо ҳамчунон дар ҳоли баррасӣ қарор доранд”.

"Чаро маҷбур мекунанд пули суғуртаро диҳем?"

Ҳамасола пули бимаро месупорам, вале чанд даъфае, ки садама рух дод, натавонистам ҷубронпулӣ бигирам. Мақомот баҳона пеш оварда, аз пардохти ҷубронпулӣ сарпечӣ мекунанд.

Аммо соҳибони баъзе аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гирифтани маблағи ҷубронпулӣ аз ширкатҳои бима баъд аз рух додани садама кори мушкил аст. Ронандаи мошини “Опел”, ки дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон машғули мусофиркашонӣ аст ва худро Саид Акбаров муаррифӣ кард, мегӯяд, соли гузашта як мошине аз ақиб ба мошинаш бархӯрд ва ӯ барои гирифтани маблағи бима чанд моҳ саргардон шудааст.

“Ҳамасола пули бимаро месупорам, вале чанд даъфае, ки садама рух дод, натавонистам ҷубронпулӣ бигирам. Мақомот баҳона пеш оварда, аз пардохти ҷубронпулӣ сарпечӣ мекунанд. Аслан, намефаҳмам, ки чаро моро маҷбур мекунанд пули суғуртаро пардохт кунем?” – суол гузошт ӯ.

Мақомоти "Тоҷиксуғурта" чӣ мегӯянд?

"Тоҷиксуғурта" мехоҳад, ширкати саҳомӣ шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Ҳамсӯҳбатони дигари Радиои Озодӣ аз ҷумлаи ронандаҳои мошинҳо низ гуфтанд, агар дар миёни кормандони БДА ва “Тоҷиксуғурта” шиносе надошта бошӣ, дарёфти ҷубронпулӣ аз ширкати бима кори душвор аст. Онҳо мегӯянд, масъулони “Тоҷиксуғурта” ба ҳар баҳона талош мекунанд аз пардохти ҷубронпулӣ ба соҳибони мошинҳо сарпечӣ кунанд.

Шояд ба ин далел аст, ки соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби тарҳи нави қонуни бима миқдори ширкатҳои бимаи ҳатмиро аз танҳо “Тоҷиксуғурта” то ба 21 адад афзоиш дод. Ҳамакнун соҳибони воситаҳои нақлиётӣ ҳақ доранд мошини худро дар яке аз ин ширкатҳо бима кунанд.

Мирзо Саидов, сухангӯи БДА-и шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ тавзеҳ дод, ки бидуни таҳияи ҳуҷҷати садамаи рух дода, ширкатҳои бима ҷубронпулӣ пардохт намекунанд. Ӯ гуфт, “тибқи қонунгузорӣ нозири БДА дар ҷойи ҳодиса санади ҳодисаи рухдодаро таҳия карда, сипас, мутахассисон хисороти воридшуда ба воситаҳои нақлиётиро муайян мекунанд. Сипас, агар ронанда ҳуҷҷати бима дошта бошад, бо нусхаи ҳуҷҷати садамаи рухдода ба ширкати бима барои гирифтани ҷубронпулӣ муроҷиат мекунад”.

"Агар маблағе ҳам диҳанд, хеле ночиз аст"

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабабҳои гирифта натавонистани маблағи бима аз сӯи ширкатҳои суғуртавиро ба мушкили молии худи ин ширкатҳо рабт дод. Ӯ аслан ба ин назар аст, ки ронандаҳо ба таври рамзӣ худро суғурта мекунанд ва ҳаргиз дунболи гирифтани ҷубронпулӣ ҳам намешаванд.

Неъматулло Мирсаидов
Неъматулло Мирсаидов

“Сабаби асосӣ вазъи бади молии ширкатҳои бима аст, ки ронандаҳо намехоҳанд аз пайи гирифтани ҷубронпулӣ шаванд. Ман худ чанде пеш бо садамае дучор шудам ва нахостам аз пайи гирифтани ҷубронпулӣ шавам. Зеро, медонам, ки “коғазбозии” зиёде маро дар пеш аст. Гузашта аз ин, бояд интизори тӯлонии қабули раҳбарияти ин ширкати бима шавам. Акнун тасаввур кунед, ки оё ронандаҳои сокинони минтақаҳои дурдаст мехоҳанд, вақти зиёди худро ба ин кор сарф кунанд? Гузашта аз ин, ҳатто агар маблағе диҳанд ҳам он хеле ночизу арзандаи вақти масрафшуда нест”.

Абдулло Абдуллоев, муовини раиси корхонаи давлатии “Тоҷиксуғурта” низ дар нишасти матбуотии рӯзи 23-юми январ ба хабарнигорон гуфт, дар охири соли гузашта онҳо ба ҳукумат пешниҳод карданд, шакли ин ниҳод аз корхонаи воҳиди давлатӣ ба ширкати саҳомӣ табдил дода шавад. Зеро, ба гуфтаи вай, дар ин сурат "Тоҷиксуғурта" дар бозори бимаи Тоҷикистон бештар рақобатпазир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG