Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чап равем ё рост? Даҳҳо аломати роҳро дар минтақаи Кӯлоб дуздидаанд. ВИДЕО


Даҳҳо аломати роҳ, ки самти ҳаракати мошину мардумро мушаххас мекард, дар минтақаи Кӯлоб рабуда шуда, ронандаҳову сокинонро ба мушкил рӯбарӯ кардааст. Ҳоло дар баъзе аз роҳҳои пурҳаракати минтақаи Кӯлоб нишоне аз аломат нест. Мебояд аз ҳар роҳгузар бипурсед, ки куҷо бигардадед ва ба кадом тараф.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Даҳҳо аломати роҳро дар минтақаи Кӯлоб рабудаанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:50 0:00

Дар минтақаи Кӯлоб дар беш аз 1400 ҷои зарурӣ аломати роҳ гузошта нашудааст, ки аксари он роҳҳои маҳаллианд. Ин ба он маънист, ки дар ин минтақаҳо ҳаракати мошинҳо ба ихтиёри худи ронандагон аст, яъне, макони таваккул ва эҳтимоли садама.

Мақомоти Идораи нақлиёти минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ин аломатҳои роҳ баъди ҳамагӣ се рӯзи насб шудан аз тарафи афроди номаълум рабуда шудаанд. Муродалӣ Хомӯшов, як масъули Идораи нақлиёт, охири ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфт, "ин аломатҳоро дар баъзе гардишҳои хатарзо гузоштем, то садама нашавад. Баъди се рӯз рафта дидем, ки дар ҷояш нест. Ин ҳолат дар минтақаҳои дигар нест. Танҳо дар минтақаи мо мушоҳида мешавад."

Гуфта мешавад, аломатҳои роҳ аз алюминиюм сохта шудаанд ва ноболиғон онҳоро рабуда, мефурӯшанд. Инчунин, фарзияи дигаре баён мешавад, ки худи ронандаҳо дар нест шудани аломатҳои роҳ даст доранд.

Муродалӣ Хомӯшов
Муродалӣ Хомӯшов

Низом Барот, хабарнигори нашрияи "Нақлиёт", рӯзи 7-уми феврал гуфт, "барои он ронандагон аломатҳои роҳро мекананд, ки 1) гуноҳашон ошкор нашавад; 2) бисёр тез ҳаракат мекунанд. Дар аломати роҳ суръати ҳаракат 60 навишта шудааст. Агар он аломат набошад, аз рӯи 100-120 километр дар соат ҳаракат мекунанд."

Аммо ронандаҳо ин тавзеҳро қабул надоранд. Онҳо дар навбати худ мегӯянд, ки набудани аломати роҳ ба манфиаташон нест.

Ҷамшед Раҳимов, ронандае аз шаҳри Кӯлоб, гуфт, "агар аломати роҳ ва ҳадди суръати ҳаракат маълум нест, нозирони роҳ азият мекунанд. Аз ин фурсат ба нафъи худ сӯистифода менамоянд. Дар сурати будани аломати роҳ ронандагон бар асоси он рафтор мекунанд ва забонашон дар назди маъмурони милиса дароз аст."

Бо ин ҳол, то ба ин дам касе барои рабудани аломати роҳ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Аммо мақомот мегӯянд, барои аз нав гузоштани чунин аломати роҳ бахсус дар шоҳроҳҳо маблағи кофӣ надоранд.

Чунин шароит сабаб шудааст, ки мақомот ба аломатгузории кӯчаҳои маҳаллаҳои Кӯлоб авлавият намедиҳанд. Дар минтақаи Кӯлоб дар беш аз 1400 ҷои зарурӣ аломати роҳ гузошта нашудааст, ки аксари он роҳҳои маҳаллианд. Ин ба он маънист, ки дар ин минтақаҳо ҳаракати мошинҳо ба ихтиёри худи ронандагон аст, яъне, макони таваккул ва эҳтимоли садама.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG