Пайвандҳои дастрасӣ

Намозгузории Бурҳонбеки масеҳӣ дар масҷид


Рустое дар Узбакистон

Чанд сол боз аст, ки дар баъзе аз матбуоти ғарбӣ гузоришҳоеро дар бораи ҳузури шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи гурӯҳҳои ифротии исломиро мебинам. Аксарияташон Осиёи Марказиро “маҳалли нашъунамои терроризм” тасвир мекунанд.

Як шаби боронии моҳи марти соли 1992 дар фурудгоҳи Алмаато аз ҳавопаймо фуруд омадам. Сахт тарсида будам ва ҳангоми парвоз аз Маскав фикр мекардам, шояд бадтарин хато дар зиндагиамро карда бошам, хатое, ки мумкин аст, оқибаташ марг бошад.

Ман ризоият додам, ки дар рустоҳои хурди Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистону Узбакистон таҳқиқоти сотсилогӣ анҷом диҳам ва бояд то охири сол дар минтақа зиндагӣ кунам.

Вале маро ҳамчун масеҳӣ ва ҳамчун амрикоӣ пазируфтанд. Мо ҳама фарзандони Оллоҳ ва ё Худо ҳастем.

Вақте Теодор Шанин (ҷомеашиноси маъруфи бритониёӣ) дар шаҳри Манчестери Бритониё ин корро пешниҳод кард, онро имкони беназире донистам, ки ҳеҷ кас надошт. Вале бо онки рӯзҳои сафарам наздиктар мешуд, сари тасмимам бештар андеша мекардам.

Ман қаблан дар Осиёи Марказӣ будам. Тобистони соли 1990 дар Донишгоҳи Давлатии Тошканд таҳсил кардам. Вале он замон Иттиҳоди Шӯравӣ барҷой буд ва ман дар шаҳри Тошканд бузургтарин шаҳри Осиёи Марказӣ дар байни хориҷиёни зиёд худро танҳо эҳсос намекардам.

Вале акнун бояд ба минтақаҳои дур биравам, ба ҷое, ки фақат мусулмонҳо ҳастанд ва танҳо ман. Бояд ба рустоҳое биравам, ки наздиктаринаш аз сафорати Амрико 1000 километр дур аст, телефон ҳам надорад. Агар ба балое гирифтор шавам, касе ба суроғам намеояд.

Ҳамингуна андешаҳо дар сарам чарх мезад ва андешаи дигар ҳам ба сарам омад, ки “Барои ҳамачиз ман фақат ба ин мардуми мусулмон пойбанд мешавам”.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Ман дар хонаҳои онҳо зиндагӣ мекунам. Наметавонам ба қадри кофӣ барои як ҳафта ғизоямро биёрам ва барои ҳамин мӯҳтоҷи онҳо мешавам. Ва баъдан фаҳмидам, ки аҷибтарин инсоне, ки онҳо дар умрашон дидаанд, ман будам.

Бояд эътироф кунам, ки комилан танҳо набудам. Баъзе аз мардуми таҳҷоӣ дар тарҳ бо ман кор мекарданд. Онҳо дар ин рустоҳо 8 моҳ зиндагӣ мекарданд, ман 10 ё 18 рӯз мемондам ва ба рустои дигар мерафтам.

Албатта ин ҳамкоронамро то расиданам ба маҳалли онҳо намешинохтам. Мо дар шаҳре вомехӯрдем ва фавран роҳ ба сӯи русто мегирифтем.

Ман як масеҳиам. Дар воқеъ тамоми вақт, ки дар рустоҳо кор мекардам, дар гӯшам гӯшвори салибшакли тиллоӣ доштам, дар гарданам ҳам салиб овезон буд. Тамоми мардуми рустоҳо инро медиду медонист.

Мардумони Осиёи Марказӣ бо меҳмоннавозиашон маъруфанд, вале дар ҳафтаҳои аввал, ки дар рустоҳо кор мекардам, бо назардошти зиндагиам дар Ню Йорк ба ҳарчӣ шубҳа мекардам. Ҳар қадр мардум табассум мекарданд, ҳар қадр меҳрубон мешуданд, ман фикр мекардам, ки паси ин ҳама ”доме вуҷуд дорад”.

Вале ин эҳсос ба тадриҷ аз ман рафт, ки инҷо ҳеҷ ҳилла ва ё ангезаи ниҳоне вуҷуд надорад. Аввал на ҳама ба ман бовар доштанд, чун онҳо дар бораи “капиталистҳои шарири Ғарб ва Амрикои империалистӣ” даҳсолаҳо достон шунидаанд ва баъди ин ҳама ман як ғарбӣ ногаҳон дар пушти дарашон пайдо шудам.

Ман бояд ҳар кореро, ки мардум дар русто анҷом медод, мушоҳида мекардам. Ҳамроҳашон кор мекардам, дар як миз мехӯрдам, дар як хона рӯи фарш ҳамроҳашон мехобидам ва ин ҳама маро бо онҳо дӯст кард.

Масалан дар Узбакистон, як ҷое, ки ҳоло онро “маҳалли нашъунамои терроризм” мехонанд, аввал маро “бизнинг меҳмонимиз” (меҳмони мо), сипас “бизнинг дустимиз” (дӯсти мо) ва баъдан содда “бизнинг”, яъне “аз мо” меномиданд.

Ва ман бо ихтиёри тамом “яке аз онҳо” шудам.

Ман як масеҳиам. Дар воқеъ тамоми вақт, ки дар рустоҳо кор мекардам, дар гӯшам гӯшвори салибшакли тиллоӣ доштам, дар гарданам ҳам салиб овезон буд. Тамоми мардуми рустоҳо инро медиду медонист.

Воқеан ҳамин беҳтар буд, чун байни мо муҳаббати бештар офарид. Онҳо эътиқод доштанд, ман ҳам эътиқод доштам. Мо ҳамеша дар бораи дин гап мезадем. Ҳеҷ вақт даъво намекардем, фақат мешунидему ба инобат мегирифтем.

Дар яке аз шабҳои моҳи июни соли 1992 бо ҳамкорам дар қаторе аз Тошканд ба Марғелон мерафтем ва дар утоқи мо ду мусофири дигар ҳам буд. Роҳбалади қатор, ки марди бисёр мазҳабӣ будааст, омад, билетҳои моро дид ва куҷоӣ буданамро пурсид.

Баъд аз 15 дақиқа утоқи мо пур аз одам шуд ва ҳама узбакҳо буданд. Ҳар яке суол дошт, ки аз ман бипурсад. Аммо ҳея яке, ба шумули роҳбалад номи ман яъне “Брюс” – ро дар ёд гирифта наметавонист.

Мо сӯҳбатро дар бораи дин шурӯъ кардем. Ёдам ҳаст, ки яке аз онҳо аз тамоми ҳозирон пурсид, “Чӣ гуна мӯр нафас мекашад?” Роҳбалад ҷавоб дод, “Мо намедонем. Фақат Оллоҳ медонад, ки мӯр чӣ гуна нафас мекашад.”

Аз ман хостанд, ба масҷид биёям ва ҳамчун масеҳӣ ҳамроҳи онҳо намоз гузорам. Баъдан ба ман ҷойнамозеро ҳадя карданд ва ман онро ҳамеша бо худ доштам ва аз як русто ба рустои дигар мебурдам.

Ман ҳам гуфтам, ки мувофиқам, фақат Оллоҳ медонад. Роҳбалад низ ҳамон лаҳза пешниҳод кард. “Аз ин баъд ту Бурҳонбек ҳастӣ, ин яке аз номҳоест, ки дар Қуръон омадааст.” Ҳама бо аломати ризо сар такон доданд.

Аввали моҳи август вақте дар Иссиқкӯли Қирғизистон мулоқоти гурӯҳӣ доштем, ҳамкори узбакам, ки дар қатори Марғелон буд, ҳодисаро ба бачаҳои қирғиз, туркман, узбак, ки бо ман кор мекарданд, нақл кард. Баъд аз ин дар тамоми рустоҳое, ки кор мекардам, маро Бурҳонбек ном мебурданд.

Ончӣ ки ҳоло мегӯям, муҳимтарин бахши достон аст, бахусус дар замоне, ки баъзе аз матбуоти ғарбӣ, мардуми Осиёи Марказӣ ва бахусус узбакҳоро, “ифротгароёни мутаасиб” меноманд.

Аммо Бурҳонбек масеҳӣ монд. Ҳузураш касеро нороҳат намекард. Фақат замоне аз мардум дур буданро ҳис мекардам, ки онҳо ба масҷид барои адои намоз мерафтанд. Дар тамоми маросими исломӣ, чӣ дар рӯзи мавлуд, чӣ никоҳ, мотам ширкат мекардам, вале намоз гузоштан бароям масъалаи дигар буд.

Ман ин масъаларо ба он гуфтам ва онҳое, ки акнун бо ман дӯст шудаанд, пешниҳоди беназире карданд. Аз ман хостанд, ба масҷид биёям ва ҳамчун масеҳӣ ҳамроҳи онҳо намоз гузорам. Баъдан ба ман ҷойнамозеро ҳадя карданд ва ман онро ҳамеша бо худ доштам ва аз як русто ба рустои дигар мебурдам.

Ман ҳеҷ гоҳ маънии калимотеро, ки зимни ибодат ба забон меовардам, намефаҳмидам, айни чизе, ки калимоти лотиниро дар калисо ба забон меорӣ ва намедонӣ чӣ маънӣ доранд.

Вале маро ҳамчун масеҳӣ ва ҳамчун амрикоӣ пазируфтанд. Мо ҳама фарзандони Оллоҳ ва ё Худо ҳастем.

Вақте моҳи ноябри соли 1992 дигарбора Теодор Шанинро дар Маскав дидам аз ман пурсид, ки мехоҳӣ корро дар рустоҳо дар соли 1993 ҳам идома бидиҳӣ.

Ман ба ӯ иҷоза надодам, суолашро ба поён барад ва гуфтам “Yes”. Бале мехоҳам.

Дар дунё одамони баде ҳастанд, дар байни ҳар гурӯҳе ки ном бубаред. Дар дунё одамони хуб ҳам ҳастанд.

Бале баъзе аз афрод аз Осиёи Марказӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ шудаанд, афроди гӯшаҳои дигари ҷаҳон ҳам.

Одамони зиёде дар бораи мардуми Осиёи Марказӣ бисёр кам медонанд. Ман медонам.

Сарнавишти ман чандин бор дар дасти онҳо буд ва ман ҳамеша ба онҳо такя кардам ва ҳеҷ гоҳ пушаймон ҳам нашудаам.

Блоги Брюс Паннир - хабарнигори аршади маркази хабарии Радиои Озодӣ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG