Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хато андар хато”. Шубҳа ба шаҳодатномаҳои солҳои 90-ум


Ҳоло дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, бахусус, дар вилояти Хатлон раванди иваз кардани шаҳодатномаҳои таваллуди солҳои 1990 ба нусхаҳои асл, идома дорад. Масалан, мақомоти идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар соли гузашта дар ин шаҳр ҳудуди 2 ҳазору 500 шаҳодатнома иваз шудааст.

Дар замони ҷангу бесарусомониҳои солҳои 1990 сокинон барои фарзандони навзоди худ аз бозору дӯконҳо варақи шаҳодатномаҳои таваллуд харидорӣ мекарданд, ки ба гуфтаи мақомот онҳо ғайриқонунӣ нашр шуда буданд.

Чанд тан аз сокинон аз манотиқи мухталифи кишвар мегӯянд, ки бо ин гуна аснод дар гирифтани шиноснома ва хориҷ шудан аз Тоҷикистон ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ шудаанд.

Шаҳодатнома дар як варақи оддӣ

Бино ба маълумоти Вазорати адлияи Тоҷикистон, теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвар, ки дар даҳаи 1990 ба дунё омадаанд, дар гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Маҳастии Дӯстмурод, ки дар соли 1992 дар шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон чашм ба олам кушода буд, шаҳодатномаи таваллудашро на Шӯъбаи сабти асноди шаҳрвандии шаҳр, балки амакаш-директори мактаб омода кард. Баъдан, ин шаҳодатнома дар китоби аснод сабт гардид, аммо ба ҳангоми ба балоғат расидани Маҳастӣ ва дарёфти шиноснома, мушкилӣ пеш омад. Зеро дар шаҳодатномаи таваллуд номҳои ӯ ва падараш нодуруст хонапурӣ шуда буд.

Маҳастӣ Дӯстмурод.
Маҳастӣ Дӯстмурод.

"Барои ҳалли ин мушкил се моҳ талош кардем. Танҳо тавассути кӯмаки дӯстони падару модарам шаҳодатномаи таваллуди нав гирифта ва баъдан шиноснома дарёфт кардам. Бидуни шиноснома маро ба донишгоҳ роҳ намедоданд", -афзуд Маҳастии Дӯстмурод.

Маҳастии Дӯстмурод мегӯяд, ҳодисаи мушобеҳе ба бародараш Зарвон, ки соли 1996 ба дунё омад, рух дод. Он замон аз таваллудхона барои бародараш шаҳодатномае доданд, ки аз як варақи муқаррарӣ иборат буд ва ҳеч гуна аломати расмӣ надошт. Дар соли 2003 ба ҳангоми рафтани Зарвон ба мактаб “бо даводави зиёд ва пардохти ҷарима”, шаҳодатномаи аслиро гирифтаанд.

Шаҳодатномае, ки арӯсиро ба ҳам зад

Ин вазъ хоси тақрибан ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон будааст, ки дар замони ҷангу бесарусомониҳои солҳои 1990 сокинон барои фарзандони навзоди худ аз бозору дӯконҳо варақи шаҳодатномаҳои таваллуд харидорӣ мекарданд, ки ба гуфтаи мақомот онҳо ғайриқонунӣ нашр шуда буданд. Аз сӯи дигар, дар бештари ҳолатҳо шаҳодатномаи таваллуд дар Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) ба қайд гирифта намешуд, ки ҳоло чун шаҳодатномаи ғайриқонунӣ дар ниҳодҳои давлатӣ пазируфта намешаванд.

Фариштамоҳ Каримова, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки маҳз ба далели ғайриқонунӣ арзёбӣ шудани шаҳодатномаи таваллуди хоҳараш, тӯи арӯсии ӯ ба муддати 4 моҳ ба таъхир афтод.

Вай гуфт: "Хоҳарам соли 1993 таваллуд шуду падарам шаҳодатномаро аз ҷамоат гирифтанд. Вақте ба балоғат расид, маълум гардид, ки ҳуҷҷат қалбакӣ будааст. Таҳти рақами шаҳодатномаи ӯ дар китоби сабти асноди ЗАГС ҳуҷҷати шахси дигар ба қайд гирифта шудааст. Барои гирифтани шаҳодатномаи аслӣ моро ба экспертизаи судӣ фиристоданд, ҳуҷҷатҳои мактаби миёнаро тагу рӯ карданд. Номашро дар китоби сабти асноди ноҳия наёфтанду маслиҳат доданд, ки ба Душанбе равем."

Фариштамоҳ Каримова мегӯяд, танҳо пас аз гирифтани шаҳодатномаи таваллуди аслӣ ниҳодҳои марбута ба хоҳараш иҷозат додаанд, ки арӯсӣ кунад.

"ЗАГС бланкаи шаҳодатнома надошт"

Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 27 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳолат ба далели нобасомониҳо ва хараҷу мараҷи даҳаи 1990 ба миён омадааст. Ба гуфтаи ӯ, то замони истиқлолият бланкаи шаҳодатномаи таваллуди Тоҷикистон дар корхонаи “Госзнак”-и Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав омода мешуд. Дар аввалҳои даҳаи 1990 ин раванд идома дошт, вале баъдан қатъ гардид. Шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандон як муддат бланкаи шаҳодатномаро надоштаанд. Сокинон барои фарзандони худ аз роҳҳои гуногун шаҳодатнома мегирифтанд.

Гуфта мешавад, ба соҳибони шаҳодатномаи таваллуди бидуни рақами мушаххас ва муҳри ҷамоат шиноснома дода намешавад ва барои ҳамин ҳам ин афрод маҷбур шудаанд, ки дубора санад бигиранд. Барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд асосан ҷавонони зодаи солҳои 1995 то 2000-ум ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат мекунанд.

Сироҷзода мегӯяд, бинобар дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС ба қайд гирифта нашудан, теъдоди шаҳодатномаҳои ғайриқонуниро мушаххас кардан душвор аст.

Ӯ гуфт: "Дар солҳои 1995-1996 ба мардум кӯмакҳои башардӯстона тақсим мешуд. Падару модар барои фарзандон аз бозор шаҳодатномаи таваллуд харида, ба созмонҳои кӯмакрасон пешниҳод мекарданд. Аз ин лиҳоз, исми онҳо дар китобҳои сабти асноди шаҳрвандӣ нест. Он солҳо мактабу ҷамоат ҳам шаҳодатномаи таваллуд медод. Аз ҳамин сабаб шаҳодатномаҳои таваллуди сохта зиёданд."

Саодат Сироҷова
Саодат Сироҷова

Саодатбибӣ Сироҷзода гуфт, барои афроде, ки дар солҳои 1990 шаҳодатномаи таваллуд гирифтаанду ҳоло мехоҳанд иваз кунанд, ҳеч мушкил ё монеае вуҷуд надорад. Танҳо онҳо бояд аз ташхиси тиббию судӣ гузашта ва бо ҳуҷҷати ин ниҳод маълумотномаи маҳалли истиқомат гирифта, ба шӯъбаи сабти асноди шаҳрвандӣ бо пардохти пули бланка ва хизматрасонӣ муроҷиат кунанд.

Зимнан, шаҳодатномаи таваллуд аз сӯи шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода шуда, тавассути Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Тамоми ҳуҷҷатҳои баъдии шаҳрванд дар асоси шаҳодатномаи таваллуд таҳия мешавад. Аз ин рӯ, шаҳодатномаи таваллуд муҳимтарин ҳуҷҷат барои шаҳрвандон маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG