Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо нафар дар ду киштӣ интизори натиҷаи ташхиси вирус


Йокогама, Ҷопон. 5-уми феврали 2020
Йокогама, Ҷопон. 5-уми феврали 2020

Дар як киштии мусофирбарӣ дар бандари Йокогама дар Ҷопон боз 10 каси дигар ба коронавируси Чин олуда шудаанд. 170 нафари дигар ҳанӯз интизори натиҷаҳои санҷиш мебошанд.

Вазири тандурустии Ҷопон Катсунобу Като рӯзи 5-уми феврал гуфт, 3700 нафаре, ки савори киштии “Diamond Princess” ҳастанд, то 14 рӯз карантин хоҳанд шуд.

Онҳое, ки гирифтори вирус буданд, ба марказҳои дармонӣ фиристода шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ба сафорати Русия дар Токио хабар додааст, ки дар киштӣ 24 шаҳрванди Русия ҳастанд. Сафорат гуфта, ки ҳеҷ кадоме аз мусофирони рус ба ин вирус олуда нашудаанд. Сафорат дар Фейсбук илова кардааст, "корро барои ёрӣ ба шаҳрвандони Русия, ки дар киштӣ ҳастанд, идома медиҳад."

Як нафар аз киштии Diamond Princess ба радиои Озодӣ гуфааст, ки дар киштӣ наздик ба 20 шаҳрванди Украина низ ҳастанд. Азбаски санҷишҳои тиббӣ идома доранд, шумораи олудашудаҳо ба ин вирус афзун хоҳад шуд.

3,600 мусофири дигар дар киштии дуввум дар Ҳонконг аз санҷиши коронавирус гузаронида мешаванд, зеро мақомоти тандурустии Чин талошҳоро барои назорати паҳн нашудани вирус бештар кардаанд.

Вирус дар саросари Чин 563 нафарро нобуд кардааст ва беш аз 28,000 ҳолати гирифторӣ ба он тасдиқ шудааст. Рӯзи 6-уми феврал мақомоти Чин дар шаҳри Вуҳан маркази беморӣ ҳушдор доданд, ки ба норасоии ҷойи хоб ва таҷҳизот барои табобати шумораи афзояндаи беморон рӯбарӯ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG