Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол аз Хатлон 445 тонна шираи камол содирот шудааст


Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистон Афғонистон дар Панҷи Поён.
Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистон Афғонистон дар Панҷи Поён.

Мақомот дар Хатлон мегӯянд, ки соли гузашта танҳо аз ин вилоят ба хориҷ аз кишвар 544 тонна ва 700 килограм шираи камол содирот шудааст. Зафар Маҳмадалиев, сардори Идораи гумруки вилояти Хатлон рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин миқдор шираи камол тариқи гузоргоҳи" Панҷи поён" ба Афғонистон ва аз онҷо ба Ҳиндустон интиқол ёфтааст. Ӯ афзуд, ки содироти шираи камол аз Душанбе тариқи ҳавопаймо сурат мегирад, вале танҳо омори содироти ин гиёҳи нодир аз Хатлонро дар ихтиёр дорад.

Аз чанд сол ба ин тараф ҷамъоварии шираи камол -- ин гиёҳи нодир, ки дар доманакӯҳҳои Хатлон мерӯяд, идома дорад ва ба хориҷ содирот мешавад. Ҷамъоварӣ ва тиҷорати шираи камол дар ихтиёри ширкати "Фароз" қарор дорад. Ин ширкат ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки арсаҳои дигари сердаромади иқтисоди кишварро дар ихтиёр дорад. "Фароз" чанде пеш эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Вале пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки ин ширкат ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Дар Идораи гумруки вилояти Хатлон ҳам ба суоли Радиои Озодӣ, ки баъди ширкати "Фароз" киҳо масъулияти ҷамъоварии шираи камолро ба даст хоҳанд гирифт, гуфтанд, ки ҳоло квота ё саҳмияаш аз сӯи ҳукумат маълум мешавад ва онҳо феълан дар ин робита чизе гуфта наметавонанд.

XS
SM
MD
LG