Мудири Идораи Таҳқиқоти Федеролии Амрико гуфт, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии имсола Русия ба зидди кишвараш “ҷанги иттилоотӣ“ пеш мебарад. Айни замон ӯ гуфт, ҳеҷ аломати талоши Русия барои рахнаи зербунёдҳои интихоботӣ дар Амрикоро надидааст.
Кристофер Рей рӯзи 5-уми феврал дар ҳузури вакилони Кумитаи адлияи Маҷлиси Намояндагон гуфт, Русия бо истифода аз маъракаҳои пинҳонӣ мехоҳад ба афкори умумӣ дар ҷомеаи Амрико таъсири гузошта, бо истифода аз ихтилофот дар байни мардум тафриқа андозад.
Хадамоти иттилоотии Амрико дар гузашта ҳам гуфтаанд, ки Русия айни усулро дар остонаи интихоботи президентии соли 2016 ба кор бурдааст. Бо вуҷуди далелҳои возеҳ, ҳукумати Маскав тамоми ин иддаоҳоро рад мекунад.
Кристофер Рей гуфт, дурӯғпароканӣ, шарҳнависӣ аз саҳифаҳои сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз усулҳои таъсиргузории Русия ба афкори умум дар Амрико аст. Ба қавли мудири Идораи Таҳқиқоти Федеролии Амрико, муқобила бо рахнагарӣ дар системаҳои компютерӣ, осонтар аз мубориза бо дурӯғпароканӣ аст.