Комил Алламҷонов, сардори Оҷонси иттилооту иртибототи Узбекистон ва муовинаш Саида Мирзиёева, духтари президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев 29-уми январ бо хоҳиши худ аз мақомашон истеъфо доданд.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии оҷонс, худи он рӯз иҷрокунандаи вазифаи сардори Оҷонси иттилооту иртибототи Узбекистон Дилшод Саидҷонов таъйин шудааст.
Бино ба хабарҳо, Комил Алламҷонов ва Саида Мирзиёева 29-уми январ дар як ҷаласаи оҷонс ба раҳбарии раиси дастгоҳи президенти Узбекистон гуфтаанд, ба дастгоҳи президент ариза навиштаанд, ки мехоҳанд фаъолияти кории худро дар бахши ғайридавлатӣ идома диҳанд. Дастгоҳ низ аризаи онҳоро баррасӣ ва қонеъ кардааст.
Комил Алламҷонов аз 4 феврали соли 2019 Оҷонси иттилооту иртибототи Узбекистонро раҳбарӣ мекард ва духтари калонии Мирзиёев -- Саида моҳи апрели соли гузашта муовини ӯ таъйин шуд.