Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканорӣ ва таъйини раисони чанд ноҳия ва ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон


Таъйини кадрҳои нав дар баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон
Таъйини кадрҳои нав дар баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон

Раисони чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз мақомҳои худ озод ва дар вазифаҳои нав таъйин шудаанд. Ҷойивазкунии кадрҳо рӯзи 27-уми январ сурат гирифтааст. Мунтақидон ҳамвора аз чунин ҷобаҷогузорӣ интиқод мекунанд.

Бар асоси фармонҳои раиси ҷумҳур

Сиҷоуддин Саломзода аз вазифаи раиси Исфара,

Акрам Сулаймонзода аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен,

Комил Салимзода аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов,

Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,

Абдуалим Исмоилзода аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар,

Маърифат Зоирзода аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

озод шудаанд.

Сиҷоуддин Саломзода ҳамагӣ моҳи декабри соли 2018 ба мансаби раиси шаҳри Исфара расида буд. Ин минтақа ба сабаби номуайянии хатти марз бо вилояти Бодканди Қирғизистон яке аз маҳалҳои муноқишахез ба шумор меравад. Ҳафтаи гузашта сардори Идораи умури дохилии Исфара низ иваз шуд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи душанбе хабар дод, ки Сиҷоуддин Саломзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон таъйин шудааст.

Инчунин, дар ин рӯз

Акрам Сулаймонзода – иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара,

Темур Нуъмонзода – иҷрокунандаи раиси ноҳияи Спитамен,

Тоҳир Қудратзода – иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов,

Хайрулло Бобозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,

Шералӣ Ҷалилзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъйин гардиданд.

Дар тағйироти дигар, Амонулло Салимзода ба ҷойи Изатулло Сатторӣ вазири кишоварзӣ ва Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба ҷойи Гавҳар Шарофзода раиси Кумитаи забону истилоҳот тайъин шудаанд.

Сабаби аз мансаби вазири кишоварзӣ рафтани Сатторӣ "ба кори дигар гузаштан" гуфта шудааст.

Шарофзода, ки бо баҳсҳояш бо расонаҳо ва соҳибони фурӯшгоҳҳо дар бораи забон ва баъзе истилоҳҳои байналамилалӣ маъруф буд, номзади ҳизби ҳоким ба мақоми вакили порлумон дар интихоботи моҳи март аст.

Ширин Амонзода раиси нави Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Абдулло Раҳмонзода раиси нави Кумитаи ҷавонон ва варзиш шудаанд. Курсии раиси Кумитаи ҷавонон баъди ба дастгоҳи иҷроияи президент рафтани раҳбари пешинаш Аҳтам Абдуллозода чанд рӯз боз холӣ буд. Абдулло Раҳмонзода дар гузашта ба ҳайси раиси дафтари ҳизби ҳоким дар Хатлон кор кардааст.

Ҳамасола дар остона ва баъд аз ҷаласаи солонаи ҳукумат дар сохторҳои давлатӣ тағйиротҳои кадрӣ сурат мегирад. Мунтақидон аксаран чунин тағйиротро танқид мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо асосан аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна ва содиқ ба ҳукумат иборат аст.

XS
SM
MD
LG