Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбарон дар нигаҳдории духтари 16-сола дар Бишкек


Пулиси Қирғизистон се гумонбарро дар нигаҳдории духтари 16-сола дар ғуломии шаҳвонӣ боздошт кард. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар доданд.

Пештар расонаҳо навиштанд, ки моҳи ноябри соли 2019 мардони ношинос ин духтарро аз шаҳри Қаракул рабудаанд. Давоми ду ҳафта ин духтарро дар фоҳишахонае дар Бишкек иҷборан нигаҳ доштаанд.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, се марди соли таваллудашон 1996, 1987 ва 1996 боздошт шудаанд. Ба дари фоҳишахонае, ки духтар онҷо нигаҳдорӣ мешуд, айни ҳол муҳр зада шудааст.

Мақомот дар пайи ин ҳодиса бо моддаҳои "Ҷалб кардан ба фоҳишагӣ" ва "Одамрабоӣ" парванда боз карданд.

XS
SM
MD
LG