Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ 6 млн будани аҳолии Туркманистонро рад мекунанд


Мақомоти Туркманистон дар бораи шумори аҳолии ин кишвар маълумоти нав нашр карданд.

Маълумоти нав дар бораи аҳолии Туркманистон чанд рӯз пеш дар сомонаи марбут ба конфронси байналмилалии "Сиёсати бетарафӣ ва нақши он дар таъмини амният, субот ва рушди устувори байналмилалӣ", ки қарор аст моҳи декабри соли 2020 баргузор гардад, нашр шуд. Масъулони сомона гуфтанд, ки шумори аҳолии Туркманистон ба 6,2 миллион нафар расидааст.

Шумораи дақиқи аҳолии Туркманистон аз соли 1995 ба ин сӯ эълом нашуда буд. Ҳамчунин маълумоти ахир ба ҷуз аз сомонаи мазкур, дар расонаҳои дигари расмӣ, аз ҷумла дар сомонаи Кумитаи омори Туркманистон нашр нашудааст.

Муаллифони матлаб низ ҳангоми ироаи ин маълумот ба манбаи дақиқ ва муътамаде истинод накардаанд. Аҳолии Туркманистон бори ахир соли 2012 ҳисоб, вале натиҷааш пинҳон нигаҳ дошта мешуд ва қарор буд, ҳисоби навбатии аҳолии ин кишвар соли 2022 сурат бигирад.

Соли 1995 аҳолии Туркманистон 4 миллиону 481 нафар гуфта шуд ва соли 1991, пеш аз пошхӯрии СССР ин рақам ба 3,7 миллион нафар мерасид.

Ибтидои соли гузашта як манбаъ дар ҳукумати Туркманистон гуфта буд, бар асоси иттилои Кумитаи омор, аз соли 2008 то 1 январи соли 2019 1 миллиону 879 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ рафтаанд.

Манобеъ дар ҳукумати Туркманистон гуфтанд, шумори аҳолии ин кишвар дар моҳи январи соли гузашта 3,3 миллион нафарро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG